Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи кишоварзӣ ва гармхонаи замонавӣ дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2»-и ноҳияи Спитамен боздид ба амал оварданд

Март 25, 2020 12:42

ДУШАНБЕ, 25.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамен ҳамчунин аз намоиши дастовардҳои кишоварзон ва гармхонаи замонавӣ дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2»-и деҳоти Тағояк дидан намуданд.

Аҳли заҳмати ноҳияи Спитамен наздики 40 навъи маҳсулоти кишоварзиро, ки бо истифода аз имконоту шароити мавҷуда ҳамасола парвариш мекунанд, ба намоиш гузоштанд.

Дар ноҳияи Спитамен 1600 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд буда, аҳли заҳмат сол то сол майдони кишту парвариши зироати ба иқлими минтақа мувофиқро дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳа бештар мекунанд ва дар таъмини сокинон бо маҳсулоти ватании аз лиҳози экологӣ тоза саҳм мегузоранд.

Дар ноҳия баробари кишту парвариши сабзавот ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ низ таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад.

Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоишгоҳ иттилоъ дода шуд, феълан масоҳати боғу токзор дар ноҳияи Спитамен ба як ҳазор гектар мерасад ва ҳамасола бо васеъ намудани майдони боғот ҳаҷми истеҳсоли меваҳои лазизу шаҳдбори ватаниро хоҷагидорон афзун мекунанд.

Парвариши сабзавот дар гармхонаҳо низ яке аз самтҳои фаъолияти пурсамари кишоварзон дар ноҳияи Спитамен буда, ин раванд бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва ҷорӣ намудани усулҳои муосир дар истеҳсолот аз ҷониби хоҷагидорон амалӣ карда мешавад.

Зимни боздиди Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаи замонавӣ дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2» иттилоъ доданд, ки дар ноҳия 11 адад гармхонаи доимоамалкунанда дар масоҳати 3 гектар мавҷуд мебошад.

Гармхонаи замонавӣ дар деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен соли 2019 дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, муассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди маркази тақсимоти яклухти «Витаминҳои Тоҷикистон» Саидмурод Давлатов таъсис дода шуда, дар он асосан сабзавот парвариш карда мешавад.

Дар гармхона парвариши помидорҳои навъи «Атия», «Аламина» ва «Пинк — Оракул» бо истифода аз технологияи муосир ба роҳ монда шуда, дар он 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва 40 каси дигар мавсимӣ бо шуғл таъмин мебошанд.

Дар гармхона дар марҳилаи аввал дар як гектар 26 ҳазор кӯчати помидор шинонида шуда, 60 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ гардида буд.

Акнун соли равон бо истифода аз таҷрибаи соли гузашта ва тарҳрезии нақшаҳои нав бо интихоби тухмиҳои серҳосил дар назар аст, ки то 100 тонна ҳосил рӯёнида шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди истифода аз усулҳои замонавӣ ва технологияи муосир дар гармхона барои парваришу истеҳсоли сабзавоти босифату аз ҷиҳати экологӣ тоза таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ин иқдоми соҳибкори ватаниро намунаи ибрат ва дастгирӣ арзёбӣ карданд.

Пас аз шиносоии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни нашъунамои ниҳолони помидор дар гармхонаи замонавӣ дар ҳамин ҷо нақшаҳои ояндаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди маркази тақсимоти яклухти «Витаминҳои Тоҷикистон» муаррифӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки соҳибкори ватанӣ дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат нақша дорад, ки дар оянда масоҳати гармхонаро то 10 гектар расонад ва барои нигоҳдории маҳсулот сардхона бунёд менамояд.

Дар ҳамин замина бунёди корхонаи хишт ба нақша гирифта шудааст, ки баробари роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ аз он барои таъмин кардани гармхонаҳо бо гармӣ истифода карда мешавад.

Ҳамчунин сохта ба истифода додани коргоҳи бандубаст ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кишоварзону аҳли заҳмати ноҳияи Спитамен ба онҳо барои боз ҳам зиёд кардани масоҳати гармхонаҳо, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи пурсамари заминҳои корам ва бо ин роҳ саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Боздид аз намоишгоҳи кишоварзӣ ва гармхонаи замонавӣ дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2»-и ноҳияи Спитамен 25.03.2020

Март 25, 2020 12:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 4 корхонаи саноатӣ дар шаҳри Хуҷанд, 1 хатти тақсимоти оби нӯшокӣ ва 2 хатти оби полезӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави маъмурии Минтақаи озоди иқтисодии Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркард ва бандубасти меваи хушки ҶДММ «Донаи алмос»- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии «Комплекси агросанотии Саховат» оғози расмӣ бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи томактабии хусусии «Кӯдакистони Арча»- ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи таҳсилоти томактабии «Аркон»- ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Беморхонаи клиникии рақами 1 ва ба таври фосилавӣ ду маркази саломатиро дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Маркази саратоншиносии вилояти Суғдро мавриди истифода қарор доданд
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои Вазорати корҳои хориҷӣ тағйироти кадрӣ анҷом доданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон