ШОҲҶОИЗА – МОШИНИ САБУКРАВ! Пагоҳ дар Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт-2020» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 20.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар Муасиссаи давлатии Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили ҷашни ниёгон-Наврӯзи хуҷастапай бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ барои дарёфти ҷоми «Пойтахт — 2020» баргузор мешавад. Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ пагоҳ соати 09:00 оғоз мегардад. Паҳлавонҳои беҳтаринро туҳфаҳои арзишманд ва ғолиби вазни мутлақро Шоҳҷоиза – мошини сабукрав интизор аст.
Тавре шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад, дар ин мусобиқа ширкати беҳтарин паҳлавонони мамлакат аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз 24 марти соли 2019 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муасиссаи давлатии Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар ҳаводорону мухлисони ин навъи варзиш ва бо намоиши беҳтарин рақобатҳо миёни паҳлавонони маъруфи мамлакат Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини миллӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт – 2019» баргузор гардида буд.
Дар чемпионат зиёда аз 180 нафар варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳо ширкат варзида, дар охир ғолибон бо диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Мусобиқаи мазкур 23-24 марти соли 2019 сурат гирифта, пас аз талошу рақобатҳои дурӯза дар вазни 80 кг мақоми аввал насиби Садр Боев, мақоми дуюм насиби Эраҷ Абдуллоев ва мақоми сеюм насиби Ҳақназар Назаров гардид. Дар вазни 90 кг ҷои аввалро Эмомалӣ Камолов, ҷои дуюмро Меҳрубон Идрисов ва мақоми сеюмро Бежан Боқиев соҳиб шуданд. Дар вазни 100 кг Саидҷалол Саидов ба гирифтани ҷойи аввал, Фирдавс Насимов — ҷойи дуюм ва Шарифҷон Назриев ба гирифтани ҷойи сеюм шарафёб шуданд.
Ҳамин тариқ, дар вазни +100 кг рақобатҳои ҷолибу диданӣ доир шуда, мақоми аввалро Одил Сафаров, мақоми дуюмро Абубакр Раҳмонов ва мақоми сеюмро Шоҳрух Амирхонов соҳиб шуданд. Барои ғолиби мутлақи чемпионати мазкур мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Шоҳҷоиза – мошини сабукрави «Мерседес-бенс» ҷудо карда буд, ки онро варзишгари маъруфи мамлакат Саидҷалол Саидов соҳиб гардид. Дар вазни мутлақ Фирдавс Насимов сазвори ҷойи дуюм гардида, ҷойи сеюм насиби Шарифҷон Назриев гардид.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд






