Ҳудуди Душанбе аз ҳисоби заминҳои деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ фарох карда мешавад

Март 19, 2020 15:00

ДУШАНБЕ, 19.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҳисоби заминҳои деҳоти «Чоряк­корон», «Чортеппа», «Сарикиштӣ», «Чимтеппа», «Россия», «Гулистон» ва шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ фарох гардонида мешавад. Дар ин замина 19 март дар иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум  қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия Саидзода аз ҷараёни иҷлосия хабар дод.

Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Муҳаммадюсуф Имомзода зимни тавзеҳи масълаи мазкур гуфт, ки ин тадбир дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ оид ба тағйир додани сарҳадҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ» андешида шудааст. Тибқи он аз ҳисоби заминҳои деҳоти «Чоряк­корон», «Чортеппа», «Сарикиштӣ», «Чимтеппа», «Россия», «Гулистон» ва шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе 7 ҳазору 659 гектар  ҳамроҳ карда мешавад.

Мавсуф афзуд, ки зарурати васеъ намудани ҳудуди шаҳри Душанбе ба афзоиши босуръати аҳолии он, талабот ба манзилҳои истиқоматӣ, сохтмони роҳҳо, биноҳо ва иншооти гуногуни фарҳангӣ-фароғатӣ, маишӣ ва солимгардонӣ  рабт дорад.

Март 19, 2020 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид