ВКХ: шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сарҳади ду кишвари ҳамсоя дармонда буданд, тавассути қаламрави Ӯзбекистон ба Ватан ҳаракат карданд
ДУШАНБЕ, 17.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба иттилои расонаҳои интернетӣ бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Россия бо мошинҳо ба Ватан бармегаштанд, дар минтақаи сарҳадии байни Қазоқистон ва Ӯзбекистон дармонда буданд. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ҳалли ин мушкилот мусоидат намуд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 16 март баъди судури иҷозати мақомоти Ӯзбекистон шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути қаламрави Ӯзбекистон ба самти Тоҷикистон ҳаракат карданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 16 марти соли 2020 бино бар эълон гардидани вазъияти фавқулода дар Қазоқистон ва ҷорӣ шудани чораҳои маҳдудкунанда дар Ӯзбекистон бар асари ҳамагирии коронавируси нав (COVID-19) маҳдудияти ворид шудан ба хоки ин ду кишвар ҷорӣ гардид.
Дар робита ба ин, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки шаҳрвандони мамлакат аз сафар ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон, аз ҷумла сафарҳои транзитӣ дар айни замон худдорӣ намоянд.
Хотиррасон мекунем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон қарор доранд, дар ҳолати зарурат метавонанд ба намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии мо муроҷиат кунанд:
Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон
Суроға: ш. Нур-Султон, мкр-н Чубари, кӯчаи Карасакал Еримбет, 15.
Тел: +7 7172 241315, +7 7172 240929
E-mail: tajembastana@mfa.tj
Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Алмаато
Суроға: ш. Алмато, к. Санаторная, 16.
Тел: 8107 (3272) 69 70 59, +77 77 588 3115
E-mail: tajconsalmaty@mfa.tj
Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон
Cуроға: 700090, ш.Тошканд, к. А. Қаҳҳор, 61.
Тел: 810 (998712) 54 99 66, 810 (998712) 54 84 13
E-mail: tajembuz@mfa.tj








Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд






