Дар Душанбе бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ безараргардонии сартосарӣ пурзӯр мегардад
ДУШАНБЕ, 25.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва таъмини солимии шаҳрвандон дар пойтахт тадбирҳои безараргардонии сартосариро пурзӯр намуда, нахуст онро дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон, мактабу муассиса, кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои фароғатӣ, истгоҳҳои нақлиётӣ ва ғайра ба роҳ мондааст. Ҳамин гуна тадбирҳои безараргардонӣ дар кӯчаву хиёбон ва истгоҳҳои нақлиётӣ дар ҳудуди кўчаҳои Аҳмади Дониш ва Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ташкилу роҳандозӣ гардиданд. Моҳи сеюм аст, ки дар пойтахт тамоми нақлиёти мусофирбар пеш аз ба кор баромадан ва баъди он безарар гардонида мешаванд. Ин тадбирҳо то анҷом ёфтани паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар тамоми ҷаҳон идома меёбанд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, ин тадбирҳо бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус анҷом ёфта, роҳҳои мошингарди пойтахт асосан шабона безарар гардонида мешаванд ва он набояд сабаби ба таҳлука афтодани сокинони шаҳр гардад.
«Баҳри пешгирӣ ва бартараф кардани ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар муассисаҳои дахлдори шаҳри Душанбе, аз ҷумла «Обу корези Душанбе» ба миқдори зарурӣ маҳлулҳои безараргардонӣ, сару либос барои мутахассисон ва дигар маводи соҳавӣ захира гардида, коркарди ҷойи ҷамъшавии одамон бо ин гуна маҳлулҳо мунтазам гузаронида мешавад»,-афзуд манбаъ.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус сокинони пойтахтро зарур аст, ки аз ҳар вақта дида дар тозаю озода нигоҳ доштани манзили зист ва риояи гигиенаи шахсӣ масъулияти баланд эҳсос намоянд.
Ёдовар мешавем, ки чандин моҳ аст, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе дар муассисаҳои тандурустию маориф ва дигар ташкилоту идораҳои пойтахт, новобаста аз шакли моликият корҳои безараргардонии бино ва фаҳмондадиҳӣ бо сокинони шаҳр оид ба пешгирии коронавирус ба роҳ монда шудаанд.









МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд






