ДАРАХТ БИНШОН! Дар Суғд дар майдони беш аз 500 гектар ниҳол шинониданд

Апрель 14, 2020 16:41

ДУШАНБЕ, 14.04.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Дар вилояти Суғд дар доираи амалинамоии «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020» то 1 апрели соли 2020 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагиҳо 459,8 гектар боғҳои нав ва 43,5 гектар токзори нав бунёд ва ҳамзамон дар майдони 763,9 гектар боғҳо ва 69,7 гектар токзор аз нав барқарор карда шуданд.

Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Идораи кишоварзии вилояти Суғд хабар доданд, инчунин дар самти муташаккилона гузаронидани маъракаи ниҳолшинонӣ дар ҳамаи хоҷагиҳои вилоят то 1 апрел аз ҷониби хоҷагиҳои вилоят дар 503,2 гектар ниҳол шинонда шуданд.

Аз ҷумла, дар масоҳати 41 гектар ниҳолҳои мевагиҳои тухмдор, дар 315,7 гектар ниҳолҳои мевагиҳои донакдор, дар 63,5 гектар ниҳолҳои мевагиҳои мағздор ва дар 39,6 гектар ниҳолҳои мевагиҳои субтропикӣ шинонда шудаанд.

Ҳамзамон дар давраи семоҳаи аввали соли 2020 ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагии вилоят  636,7 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2019  10,9 фоиз зиёд аст.

Апрель 14, 2020 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст