Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид

Апрель 1, 2020 16:08

ДУШАНБЕ, 01.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон  ба номи А.Ҷӯраеви шаҳри Душанбе ба муносибати оғоз гардидани маъракаи  даъвати баҳории шаҳрвандони мамлакат ба хизмати ҳарбӣ таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» ҷамъомади тантанавӣ  баргузор  гардид. Дар  ҷамъомади тантанавии гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ  аз чор ноҳияи пойтахт  муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода ва дигар масъулини  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияҳои пойтахт иштирок намуданд.

Тавре мухбири АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, дар ҷамъомад  муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода зикр кард, ки бо қарори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ  дар пойтахт  маъракаи  гусели даъватшавандагон ба қисмҳои ҳарбӣ  ба таври тантанавӣ сурат гирифта,  хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, муташаккилона пешвоз гирифта мешаванд ва  ҷамъомади бошукӯҳи  имрӯза далели  амалишавии ин иқдом  аст.

“Хизмат дар сафи Артиш, ҳимоя аз марзу буми Ватан-Модар ҳамеша мояи шараф ва ифтихори ҳар як фарди боору номус ва ватанхоҳ буд, ҳаст ва ин рисолат то абад боқӣ мемонад. Артиш  пеш аз ҳама  мактаби мардонагист ва ҳар ҷавонмарди  асил бояд онро гузарад, дар он обутоб ёфта,  ҳамчун сарбози ҳақиқӣ ба камол расида, баҳри ҳимояи Ватан  омода гардад”, -иброз дошт номбурда.

Дигар  баромадкунандагон зикр карданд, ки  ҳар ҷавонмарди асили сарзамин бояд пояҳои давлатдории миллиро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ дошта, дар таҳкими  онҳо саҳмгузор бошад.  Онҳо роҳнамоиҳои созандаи Сарвари давлатро сармашқи зиндагиномаи худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намуда, барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии марзу буми он ҳамеша  тайёр бошанд.

Дар ҷамъомад барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ пешниҳоди иштирокдорон гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Рӯзи даъватшаванда дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ роҳандозӣ гардид.

«Даъвати ҷавонон аз муҳимтарин маъракаҳои сиёсӣ ба ҳисоб рафта, он дар саросари мамлакат бо баргузории ҳамоишҳои тантанавӣ таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» баргузор шуд. Ба ҳамин минвол, аз якуми апрел даъвати нави ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид», -афзуд манбаъ.

Бояд гуфт, ки ҳимояи  Ватан вазифаи ҳар шаҳрванд буда,  хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонмардон  мактаби  далериву мардонагист.

Сол аз сол зиёд гардидани шумораи ҷавонписарони шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки ихтиёран барои хизмат ба  сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил мегарданд, шоистаи таҳсин аст. Яъне ҳоло ҷавонон бо  камоли ифтихор ва нангу номуси ватандорӣ  омода ба хизмат буда,  ба хубӣ дарк  мекунанд, ки ҳимояи марзу буми Ватан қарзи фарзандӣ ва мояи ифтихори ҳар ҷавонмард мебошад.

Апрель 1, 2020 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд