Ишкошим: нақшаи даъвати баҳорӣ 100 фоиз ва сари вақт ба иҷро расид
ДУШАНБЕ, 02.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи даъвати баҳориро 100 фоиз ба иҷро расонид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
1 апрел тибқи даъват ба хизмати ҳарбӣ ҷавонони ноҳияи Ишкошим, ки синнашон ба хизмат расидааст, дар фазои идона ба хизмати Модар-Ватан гусел гардиданд.
Дар рӯзи гусели даъватшудагон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид, ки дар он раиси ноҳияи Ишкошим Мусо Мирзозода ҳамаи даъватшудагонро сидқан табрик намуда, пеш аз ҳама, ба ҳар яки онҳо сиҳатмандӣ ва дар ифои вазифаи пурмасъул комёбӣ таманно намуд.
Дар ҷамъомад комиссари ҳарбии ноҳияи Ишкошим Шафомамад Азизмамадов, раиси Шӯрои собиқадорони меҳнат Иқбол Паҳлавонов, раиси Ҷамоати деҳоти Птуп Мамадназар Қурбонмамадов ва халифаи маркази ноҳия Ёқуб Маносибов ба даъватшудагон хизмати хубу сарбаландӣ таманно намуданд.
Наваскари даъватшуда Наҷихон Лоҷуваров аз Ҷамоати деҳоти Зонг иброз намуд, ки хизмати Модар – Ватан қарзи ҳар як ҷавон буда, аз ҳамсолонаш даъват намуд, ки ин қарзи имониву ҷонии худро дар назди халқу Ватан бояд содиқона адо намоянд.
Бояд гуфт, ки ҷавонони ноҳияи Ишкошим дар қатори дигар ҷавонони мамлакат ҳамчун зодагони даврони соҳибистиқлолӣ дар ободонию пешрафти ҷумҳурӣ ва муаррифии ноҳия саҳми босазо доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






