Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон 78 млн. евро маблағи иловагӣ ҷудо мекунад

Апрель 14, 2020 17:00

ДУШАНБЕ, 14.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мерилин Йосефсон мулоқот намуд.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ Завқи Завқизода ҳамчун ҳамраиси қисми тоҷикистонии Кумитаи ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо якҷо бо муовини Вазири молия Юсуф Маҷидӣ масъалаи расонидани дастгириҳои молиявию техникии Комиссияи Иттиҳоди Аврупоро барои пешгирии пайомадҳои паҳншавии пандемияи коронавирус (COVID-19) дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Вобаста ба ин Сафири Иттиҳоди Аврупо Мерилин Йосефсон иттилоъ дод, ки Иттиҳоди Аврупо кумакҳои молиявии иловагиро ба маблағи 48 млн. евро грант ва тавассути Бонки Сармоягузории Аврупо 30 млн. евро қарз барои нақшаҳои зиддибуҳронии Ҳукумати мамлакат сафарбар менамояд. Маблағҳои мазкур тавассути соҳаҳои маориф, тандурустӣ, таҳкими сарҳад, тақвияти муассисаҳои тиббию таълимӣ, обёрӣ, санитарӣ ва пешгирии пайомадҳои иҷтимоию иқтисодӣ равона мегарданд. Илова бар ин муҷаҳҳазгардонии мутахассисони соҳаи тиб бо либосҳои ҳимоявӣ дар 25 дармонгоҳи тиббӣ ба маблағи 1,3 млн. евро ва таъмини лавозимоти санитарӣ ба муассисаҳои таълимӣ ба маблағи 780 ҳазор евро анҷом дода мешавад.

Дар доираи ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматӣ аз Иттиҳоди Аврупо 631 млн. евро грант барои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, энергетика ҷалб гардида, илова бар ин дар доираи Барномаи нави бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2021-2027 маблағ дар хаҷми умумии тақрибан 360 млн. евро пешбинӣ шудааст.

Инчунин дар мулоқот масъалаҳои дигари рушди ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла REX, GSP+, дастгирии буҷет муҳокима гардиданд. Завқӣ Завқизода дар навбати худ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории худро ба Намояндаи Иттиҳоди Аврупо баён карда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати тақвият ва рушди ҳамкории дуҷониба иброз намуд.

Апрель 14, 2020 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид