Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 09.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев суҳбати телефонӣ сурат гирифт.
Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат паҳлуҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон ва ҳамгироии минтақавиро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо суръати рушди устувори муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон ва муҳимияти кӯшишҳои муштараки минбаъдаро баҳри нигоҳ доштани ин раванд зикр намуданд.
Қазоқистон шарики муҳими тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон мебошад ва мамлакатҳои моро анъанаҳои дерини муносибатҳои нек ва дастгирии тарафайн мепайванданд, зикр намуданд Президенти Тоҷикистон.
Дар ин ҳошия ба Ҳукумат ва роҳбарияти Қазоқистон барои кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон дар ин давраи барои ҳамаамон мушкил изҳори ташаккур карда шуд.
Роҳбари давлати мо омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои таъмини бозори Қазоқистон бо маҳсулоти барвақтии меваю сабзавот дар ҳаҷми зарурӣ, ҳамчунин интиқоли пиёз иброз доштанд.
Дар ҳошияи муҳокимаи масъалаи паҳншавии глобалии коронавируси нав, ҷонибҳо ба ҳамдигар дар бораи вазъияте, ки имрӯз дар пасманзари пандемия дар ду мамлакат ба миён омадааст, маълумот доданд.
Президенти Тоҷикистон вокуниши саривақтии Қазоқистони бародарро ба паҳншавии ин сирояти хатарнок зикр намуданд ва ба тадбирҳои қатъие, ки бо ин мақсад аз ҷониби роҳбарият ва Ҳукумати Қазоқистон андешида шуданд, баҳои баланд доданд.
Президентҳо бо нигаронӣ оид ба равандҳои ҳарчи бештар ба буҳрон фурӯ рафтани иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва оғози таназзули нави глобалӣ изҳори ақида намуданд.
Дар робита ба ин аҳамияти таҳкими минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ ва ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштарак дар мубориза бо пайомадҳои пандемияи коронавирус таъкид гардид.








Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид






