Шӯрои Амнияти СММ 9 апрел оид ба пандемия нишасти видеоӣ баргузор мекунад

Апрель 7, 2020 10:10

ДУШАНБЕ, 07.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи панҷшанбе, 9 апрел, Шӯрои Амнияти  Созмони Милали Муттаҳид тавассути видеоконференсия оид ба вазъ дар мавриди пандемияи коронавирус машваратҳои пӯшида баргузор хоҳад кард. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи душанбе як манбаъ аз Шӯрои амният ба ТАСС иттилоъ дод.

«Тасмим гирифта шуд, ки машваратҳо рӯзи панҷшанбе баргузор карда шаванд», — гуфт манбаъ.

Баргузории ин гуна ҷаласа дер боз мавқуф гузошта мешуд, зеро масъалаи эпидемия дар рӯзномаи Шӯрои Амният гузошта нашудааст, аммо ҳоло мамлакатҳо чунин меҳисобанд, ки баррасии таъсири пандемия ба мавзӯъҳое, ки таҳти назорати Шӯрои Амният қарор доранд, тавсия дода шавад. Аз ҷумла, инҳо пешниҳоди Дабири кулли СММ оид ба сабук кардани таҳрим алайҳи баъзе давлатҳо, хотима додан ба амалиёти ҷангӣ, инчунин кумаки башардӯстона ва таъсири пандемия ба амалҳои сулҳхоҳона мебошанд.

Баргузории ҷаласаро нуҳ узви муваққатии Шӯрои Амният (Белгия, Ҷумҳурии Доминикан, Ветнам, Германия, Индонезия, Нигер, Сент-Винсент ва Гренадин, Тунис ва Эстония) хоҳиш намудаанд. Қаблан Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш тасдиқ карда буд, ки бо дархости Шӯро ӯ дар ҷаласа гузориш хоҳад дод.

Тибқи маълумоти  охирин, дар ҷаҳон тақрибан 1,3 миллион нафар бо коронавирус сироят ёфтаанд ва тақрибан 70 ҳазор фавтида ба қайд гирифта шудаанд.

Апрель 7, 2020 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид