Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа машварати видеоӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 20.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 17 апрел бо сафирони Тоҷикистон дар Россия, Қазоқистон, Белгия, Швейтсария, Австрия ва Ҳиндустон конфронси видеоӣ доир намуд. Дар он натиҷаҳои машварати видеоӣ бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии мамлакат дар хориҷа, ки 7 апрели соли ҷорӣ баргузор гардида буд, баррасӣ шуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар машварати видеоӣ тадбирҳои андешидашуда баҳри ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷа қарор доранд, таҷрибаи дигар давлатҳо дар муқобила бо бемории ҳамагир — COVID-19 ва ғайра баррасӣ гардида, гузоришҳои сафирони Тоҷикистон шунида шуданд.
Дар охири ҷаласа ба намояндагиҳои дипломатӣ дастурҳои мушаххас ҷиҳати сари вақт баррасӣ кардани муроҷиатҳои шаҳрвандони мамлакат, вусъат додани корҳои тавзеҳотӣ дар байни ҳамватанон ва рушди ҳамкории иқтисодӣ бо кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилалӣ дода шуданд.
Акс аз ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






