ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 апрел, ҷумъа, 108-умин рӯзи соли 2020 аст
17 апрели соли 2015 дар хиёбони Рӯдакии пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони маҷмааи нави биноҳои маъмурии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшида шуд.
***
6 сол пеш, 17 апрели соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро, ки барои иштирок дар мулоқоти нуҳуми худ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ доир гардид.
17 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи умумиҷаҳонии бемории гемофилия.
***
Дар Япония рӯзи ҳифзи кӯдакон.
РӮЙДОДҲО:
17 апрели соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2003 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон директори ширкати «Джи Эн Ай Инвестмент ЛТД» Натаниел Ротшилдро ба ҳузур пазируфтанд.
***
13 сол қабл, 17 апрели соли 2007 дар шаҳри Душанбе аввалин форуми тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Латвия баргузор гардид.
***
17 апрели соли 2003 дар шаҳри Душанбе Комиссияи байнипалатагии парлумонӣ оид ба ҳамкорӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия доир шуд.
***
17 апрели соли 2009 дар машқгоҳи низомии Фахробод машқҳои зиддитеррористии якҷояи кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай «Норак – Антитеррор – 2009» баргузор гаштанд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2019 миёни байни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Россия ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
Соли 1968 дар Иттиҳоди Шӯравӣ барномаи телевизионии «Дар олами ҳайвонот», ки ровии он Александр Згуриди буд, нахустин маротиба пахш гардид.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад