ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 апрел, сешанбе, 119-умин рӯзи соли 2020 аст

Апрель 28, 2020 08:00

28 апрели соли 2010 дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи панҷуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои саромоягузорӣ доир гардид.

***

3 сол пеш, 28 апрели соли 2017 дар ноҳияи Синои пойтахт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои бунёди бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино санги асос гузоштанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба имзо расид.

28 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии духтури ҳайвонот (байтор).

РӮЙДОДҲО:

28 апрели соли 1936 дар Тоҷикистон Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии масолеҳи сохтмонӣ кушода шуд.

***

28 апрели соли 2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба мубориза бар зидди маблағгузории терроризми байналмилалӣ ҳамроҳ шуд.

***

9 сол пеш, 28 апрели соли 2011 ба муносибати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» бо ташаббуси  намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар назди СММ ҷамъомади илмӣ доир шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар Тоҷикистон Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн таъсис ёфт.

***

28 апрели соли 2014 вохӯрии нахустини ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Пекин баргузор гардид.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1929 нахустин Конститутсияи Тоҷикистон қабул шуд.

***

Соли 1919 оинномаи Лигаи миллатҳо қабул гардид.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Апрель 28, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш