ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 апрел, чоршанбе, 120- умин рӯзи соли 2020 аст
29 апрели соли 2011 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 15-солагии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
7 сол пеш, 29 апрели соли 2013 Низомномаи таъйин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тасдиқ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Сарвазири вақти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев аз намоишгоҳ — гӯшаи Тоҷикистон бахшида ба саҳми Тоҷикистон дар Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945, ки дар Осорхонаи марказии ҶБВ, воқеъ дар Поклонная гораи шаҳри Москва ифтитоҳ гардид, дидан намуд.
29 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи умумиҷаҳонии рақс.
***
Рӯзи гиромидошти хотири қурбониёни силоҳи кимиёвӣ.
РӮЙДОДҲО:
29 апрели соли 1992 миёни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардиданд.
***
29 апрели соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба пешгирии ҷинояти генотсид ва ҷазо барои он ҳамроҳ шуд.
***
6 сол пеш, 29 апрели соли 2014 дар Душанбе амнияти энергетикии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода шуд.
***
29 апрели соли 2014 дар Тоҷикистон Шӯрои миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушди он таъсис ёфт.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Булғористон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо қабул карда шуд.
***
29 апрели соли 2016 дар мусобиқаи интихобии Осиё оид ба таэквондо WTF барои пайдо кардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Рио, ки дар пойтахти Филиппин- шаҳри Манила ба анҷом расид, ду нафар варзишгарони мамлакат ба гирифтани медалҳои биринҷӣ муваффақ шуданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1961 анҷумани аввалини зиёиёни Тоҷикистон доир гардид.
***
Соли 1931 дар Иттиҳоди Шӯравӣ нахустин барномаи телевизионии касбӣ намоиш дода шуд.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад