ТОҶИКИСТОН ВА КУВАЙТ – 25 СОЛИ ҲАМКОРИИ ПУРСАМАР. Мулоҳизаҳои Сафири Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода

Апрель 1, 2020 12:17

ДУШАНБЕ, 01.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 31 марти соли 2020 ба 25-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт рост меояд. Аз замони барқарор шудани равобити дипломатӣ ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон бо ин кишвари арабӣ дар тамоми арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак дар заминаи пайвандҳои маънавии таърихӣ ва муштаракоти фарҳангии тӯли асрҳо ташаккулёфта бемайлон рушд меёбад. Дар зер  мулоҳизаҳои  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло ЗУБАЙДЗОДАро пешниҳоди хонандагон менамоем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт

Омили асосии рушду таҳкими робитаҳои ҳасанаи Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳони араб, аз ҷумла Давлати Кувайт, пеш аз ҳама, сиёсати хориҷии мутавозин, шаффоф ва санҷидашудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҷавҳари онро  усули дарҳои боз ташкил медиҳад. Пайванди дӯстию бародарии Пешвои миллат бо Амири Давлати Кувайт Аълоҳазрат Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, бешубҳа дар пешбуриди муваффақонаи робитаҳои судманди ду давлат нақши калидӣ мебозад.

ДАР АКС: лаҳзаи мулоқот бо Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, 17.10.2012 20:46, ш. ал-Кувайт

Робитаҳои Тоҷикистон бо ҷаҳони араб зодаи як лаҳза ва ё падидаи чанд даҳсола нест, балки он аз асолати таърихие манша мегирад, ки тӯли қарнҳо ташаккул ёфтааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари арзишманди худ “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба ин нукта ишораи нафисе кардаанд: “Минтақаи Осиёи Марказиро, ки арабҳо Мовароуннаҳр номида буданд, пайвандҳои таърихии ҳазору сесадсола бо ҷаҳони араб мепайванданд. Баъди зуҳури ислом ва таъсиси хилофати исломӣ дар аҳди халифаҳои рошидин ва халифаҳои умавӣ таҳти парчами ислом садҳо қавму миллатҳои гуногун дар Осиё, Африқо ва ҳатто Аврупо гирд омада, як тамаддуни бузургу беназир ва густурдаеро ба ҷомеаи башарӣ пешкаш намуданд, ки бо номи тамаддуни исломӣ шўҳрати оламгир пайдо кард. Пешвоёни дини ислом аз миёни миллатҳои дигар, дар баробари арабҳо паҳлӯҳои зиндагисози ин тамаддунро вусъату тавсеа бахшиданд, ки дар миёни онҳо намояндагони ниёгони тоҷикон кам набуданд.”

Дар тасдиқи ин гуфтаҳо метавон аз суханони Дабири кулли Лигаи кишварҳои арбӣ Аҳмад Абулғайт ёдовар шуд, ки дар ҷаласаи ифтитоҳии Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна ва Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе моҳи октябри соли 2017 ангезаи таърихии эҳтимоми ҷаҳони арабро ба Осиёи Миёна чунин баён намуда буд: “Мояи хурсандист, ки имрӯз дар мизбонии Осиёи Миёна қарор дошта, тамаддуну фарҳанги бостоние, ки дар ин минтақа ва шаҳрҳои он, ба монанди Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Хатлон, Тошканд, Хоразм ва ғайраҳо ташаккул ёфтааст, ба ёд меорем. Зеро ин минтақа дар масири таърихи худ олимони беназиреро, амсоли Ибни Сино, Хоразмӣ, Форобӣ, Бухорӣ, Насоӣ, Замахшарӣ ва дигарон зодааст, ки  онҳо чароғи дурахшони тамаддуни арабию исломии мо мебошанд….”.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Кувайт, тавре ки ишора рафт, агарчи соли 1995 барпо ёфта буд, аммо қабл аз ин  тамосҳои сиёсии заминагузоре дар сатҳҳои расмӣ байни ду кишвар сурат гирифта буданд. Бо гузашти муддате аз эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Ҳукумати Кувайт ба нишони эътирофи сиёсӣ ва ҷонибдории давлати тозаистиқлоли тоҷикон як ҳайати расмии баландпояро ба Душанбе ирсол намуд.

Инчунин нахустин мулоқоти Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири шодравони Давлати Кувайт Шайх Ҷобир ал-Аҳмад ас-Сабоҳ дар шаҳри Дор-ул-байзои Мағриб соли 1994, дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ гардиши калидиеро дар масири муносибатҳои ду давлат ба миён овард ва ин мулоқот, бешубҳа барои муайян сохтани дурнамои ҳамкорӣ таъсиргузор буд, зеро маҳз дар заминаи он робита байни роҳбарони олии ду кишвар эҷод ёфт.

Аз ин ҷост, ки бо гузашти чанд моҳ аз ин мулоқоти таърихӣ робитаҳои дипломатии Тоҷикистон ва Кувайт расман эълон шуданд ва пас аз чанд рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати расмии Шайх Ҷобир ал-Аҳмад ас-Сабоҳ  17-19 апрели соли 1995 ба Давлати Кувайт нахустин сафари расмӣ анҷом доданд.

Кувайт аввалин кишвари арабие мебошад, ки ба он роҳбари давлати навбунёди Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф овардаанд. Пешвои миллат дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо рӯзноманигорони кувайтӣ дар арафаи сафари давлатии навбатӣ ба Кувайт бардоштҳо ва назари худро дар бораи аҳамияти нахустин сафари худ ба ин кишвари арабӣ чунин васф намуда буданд: “Кувайт барои Тоҷикистон як кишвари намунавие буд, ки мо бояд дар раванди рушду пешрафт аз таҷрибаи он истифода барем. Ман ҳамчун Президенти Тоҷикистон Кувайтро нахустин кишвари арабӣ барои сафарҳои расмии худ интихоб намудам, ки ин худ таваҷҷуҳи моро ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва ҳавасмандии ин ҷонибро ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи Кувайт ҳамчун кишвари пешрафта инъикос менамояд”.

Дар доираи ин сафари таърихӣ заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт гузошта шуд, ки бар асоси он тӯли 25 соли сипаришуда  робитаҳои ҳамкорӣ рушд ёфтанд.

Робитаҳои матин дар сатҳи раҳбарони олӣ

Пӯшида нест, ки муайян намудани авлавиятҳо ва самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ аз ваколатҳои ихтисосии роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо ба шумор рафта, робитаҳо ва тамосҳои сарони давлатҳо бо дарназардошти манфиатҳои миллию стратегии кишварҳо омили калидии рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба арзёбӣ мегарадад.

Мояи хурсандист, ки робитаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт аз чунин омили калидӣ — пайвандҳои дӯстию бародарӣ миёни пешвоён бархурдор буда, дар партави он рушд меёбанд.

Сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт бо даъвати Амири ин кишвар Аълоҳазрат Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи муносибатҳои дуҷониба ба шумор мераванд, ки натиҷаҳои созандаи онҳо дар тавсеаи пояи шартномавию ҳуқуқӣ ва муаррифии самтҳои умедбахши ҳамкориҳо дар заминаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию фарҳангӣ ва ғайра таҷассум меёбанд.

Аз ҷумла, моҳи октябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар кори нишасти сарони кишварҳои аъзои Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) ба Давлати Кувайт сафари корӣ анҷом доданд ва дар доираи ин сафар мулоқоти судманди Пешвои миллат бо Амири Кувайт сурат гирифт. Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) ҳамоиши ҳамгироии кишварҳои Осиё буда, Давлати Кувайт дар пешбурди фаъолияти он аз замони таъсис нақши муассир мебозад.

Инчунин сафарҳои давлатӣ ва расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кувайт 23-25 июни соли 2013 ва 14-16 майи соли 2016 ва мулоқоту музокироти расмии Сарвари давлат бо Амири Кувайт ва дигар масъулини воломақом ба раванди муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар такони ҷиддӣ бахшиданд ва зимни ин сафарҳо пояи шартномавию ҳуқуқии ҳамкорӣ ба таври назаррас такмил ёфт. Имрӯз ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайтро дар соҳаҳои гуногун 18 санади ҳамкорӣ ба танзим медароранд. Таҳким ва тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ яке аз масъалаҳои меҳварие буд, ки зимни мулоқотҳои Сарвари давлат бо роҳбарияти олии Давлати Кувайт ва дигар масъулини ин кишвар матраҳ мегардид.  Зимни сафарҳои расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони доираҳои соҳибкорию молиявии ин кишвар мулоқот анҷом дода, соҳибкорон ва сармоягузорони кувайтиро ба ворид шудан ба бозори сармоягузории Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории авлавиятнок ва умедбахш дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок ва нафту газ, коркарди нахи пахта ва алюминийи аввалия, бунёди инфрасохтори туризму иртибототу нақлиёт, истеҳсолу интиқоли оби нӯшокӣ даъват намуданд.

ДАР АКС: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ истиқбол мегирад, 23.06.2013, ш. ал- Кувайт

Пешвои миллат зимни сафарҳои худ ба кишварҳои хориҷӣ ҳамчун сарвари тоҷикони ҷаҳон ҳамеша талош меварзанд, ки фарҳангу тамаддуни асилу бостонӣ ва пурғановати мардуми тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд. Маҳз ба ин манзур дар доираи сафари расмии ахир соли 2016 Пешвои миллат дар Донишгоҳи Кувайт бо устодону донишҷӯён мулоқоту суҳбати самимӣ анҷом дода, дар ин боргоҳи илму маърифат дар бораи фарҳангу тамаддуни тоҷикон ва хизматҳои шоёни абармардону нобиғагони тоҷик дар рушди тамаддуни инсонӣ суханронӣ карданд.

Зимни ин мулоқот рӯнамоии нашри арабии китоби Пешвои миллат “Тоҷикон дар оинаи таърих” сурат гирифт.  Сарвари давлат дар робита ба нашри арабии ин китоби арзишманд таъкид намуда буданд, ки нашри нави он ба забони арабӣ дар Кувайт нишонаи эҳтиром ва эътирофи миллатест, ки бо таърихи куҳан ва фарҳанги асили худ дар пешрафти тамаддуни башариву исломӣ саҳми шоиста гузоштааст.

ДАР АКС: маросими муаррифии нашри арабии “Тоҷикон дар оинаи таърих”, 16.05.2016, ш. ал-Кувайт

Дар радифи сухан дар бораи табодули сафарҳо ва мулоқотҳо дар сатҳҳои олӣ ва баланд метавон аз сафарҳои расмии собиқ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров моҳи декабри соли 2015 ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2019 ба Давлати Кувайт ёдовар шуд, ки дар навбати худ дар таҳкими муносибатҳои дӯстию бародарии ду давлат саҳми арзанда гузоштанд.

Тамосҳои густурда байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ

Аз замони истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Кувайт вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар ҷиҳати татбиқи дастуру роҳнамоиҳои роҳбариятҳои олӣ баҳри таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак пайгирона талош меварзанд. Дар натиҷаи тамосҳои муштараки ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ робитаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт ба раванди рушди бемайлон ва бардавом ворид шудааст.

Вазоратҳои корҳои хориҷӣ мақомҳои калидие мебошанд, ки тавассути онҳо ҳамоҳангиҳои зарурӣ ҷиҳати роҳандозии ҳамкорӣ байни вазорату идораҳо ва ниҳодҳои гуногуни ду давлат ва инчунин ҳамоҳангсозиҳо ҷиҳати мавқеъгириҳои муштарак дар ростои қазияҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат мегиранд.

Барои пешбурди муваффақонаи робитаҳои ҳамкорӣ дар партави раҳнамоии сарони ду давлат тамосҳои пайвастаи вазирони корҳои хориҷӣ нақши муассир мебозанд. Ба ин манзур, моҳи ноябри соли 2014 сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт  баргузор шуд, ки зимни он мулоқоту музокироти судманди ӯ бо роҳбарият ва масъулини баландпояи ин кишвар ҷараён гирифт.

Инчунин Сарвазири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Холид ал-Ҳамад ас-Сабоҳ моҳи марти соли 2013 ҳангоми дар маснади муовини сарвазир ва вазири корҳои хориҷӣ қарор доштан, ҷиҳати иштирок дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Муколамаи ҳамкории Осиё ба Тоҷикистон бо сафари корӣ ташриф оварда, дар ҳошияи он бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом дод.

Механизми муҳими пайгирӣ ва ҳамоҳангсозӣ байни ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ машваратҳои сиёсии дуҷониба мебошад, ки то имрӯз чандин ҷаласаҳои он дар пойтахтҳои ду кишвари дӯст баргузор шудааст. Аз ҷумла, моҳи апрели соли 2018 Кувайт мизбони даври охири машваратҳо буд ва дар назар аст, ки даври навбатӣ ояндаи наздик дар Душанбе гузаронида шавад.

Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт — муаррифи симои дурахшони Ватан

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли 2013 ифтитоҳ ёфта, ба фаъолияти худ шурӯъ намуд. Моҳи июни соли 2013 дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Сафорат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Имрӯз Сафорат дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат барои таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд дар тамоми арасаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак фаъолияти пайгиронаи худро идома медиҳад. Мояи хурсандист, ки пас аз ифтитоҳи Сафорат муносибатҳои дуҷониба ба марҳилаи сифатан нав ворид шуда, ҷонибҳо дар ин раванд ба натиҷаҳои назаррас расиданд.

Дар баробари пешбурди масоили ҳамкории дуҷониба имрӯз Сафорат ба маркази муаррифии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик, имкониятҳои сайёҳию сармоягузорӣ ва дастовардҳои навини Тоҷикистони соҳибистиқлол мубаддал гаштааст. Намояндагӣ ҳамкории судмандро бо Вазорати иттилоот ва Шӯрои миллии Кувайт оид ба фарҳангу ҳунар ба роҳ мондааст. Дар доираи чунин ҳамкорӣ дар давраи сипаришуда Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Кувайт, маҳфилҳои адабию фарҳангӣ ва намоишгоҳҳои рассомон ва ҳунармандони тоҷик дар ин кишвари арабӣ баргузор гардиданд.

Дар ин радиф, дар натиҷаҳи тамосҳо ва ҳамоҳангиҳои муштарак моҳи октабри соли 2019 дар шаҳри Душанбе нахустин бор Рӯзҳои фарҳанги Давлати Кувайт дар Тоҷикистон гузаронида шуда, аҳли фарҳангу ҳунари Кувайт барномаҳои ҷолибу рангини фарҳангию ҳунариро манзури тамошобинони тоҷик намуданд, ки барномаи консертии муштарак, намоиши филмҳои мустанад, намоишгоҳи китоб, аксу мусаввараҳо ва базми шеърро дар бар гирифтанд.

Дурнамои умедбахши робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ

Бояд эътироф кард, ки робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Кувайт ҳанӯз ба сатҳи робитаҳои матини сиёсӣ нарасидаанд ва ҷавобгӯи хостаҳои роҳбариятҳои олӣ ва мардумони дӯсту бародари ду кишвар нестанд. Ду кишвар дорои имкониятҳои фарохи ҳамкории судовар дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ ҳастанд ва имрӯз доираҳои дахлдори ду кишвар ҷиҳати роҳандозии робитаҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда талош меварзанд.

Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ механизми муҳими пешбурди ҳамкории соҳавӣ буда, ҷаласаи якуми он моҳи марти соли 2013 дар Душанбе ва ҷаласаи дуюми он моҳи декабри соли 2017 дар Кувайт гузаронида шуданд. Зимни ҷаласаҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, молия, сармоягузорӣ ва бахши хусусӣ, бонкдорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, нафту газ, энергетика, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, варзиш ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамкорӣ дар бахшҳои гуманитарӣ ва рушд

Давлати Кувайт дар самти роҳандозии барномаҳо ва ташаббусҳои инсондӯстона ва татбиқи лоиҳаҳои рушд яке аз кишварҳои пешсафи ҷаҳон ба шумор меравад. Ин кишвари хурди арабии воқеъ дар ҳошияи Халиҷи Форс аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун маркази корҳои башардӯстӣ ва Амири кунунии он ҳамчун Пешвои амали инсондӯстӣ эътироф шудаанд. Тайи солҳои ахир Тоҷикистон бо Кувайт дар самти фаъолияти башардӯстона ва татбиқи барномаву лоиҳаҳои рушд ҳамкории судманд ба роҳ мондааст.

Фонди кувайтӣ оид ба рушди иқтисодиёти араб дар баробари дигар фондҳои рушд ва ташкилотҳои молиявии арабӣ дар татбиқи лоиҳаҳои рушд ва тавсеаи инфрасохтори Тоҷикистон саҳми назаррас дорад.

Хотима

Имрӯз бо гузашти чаҳоряки аср аз истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо Кувайт бо дарназардошти рӯҳияи дӯстию бародарӣ ва ҳусни эътимод миёни раҳбариятҳои олӣ ва мардумон онҳо ва дар заминаи мавқеъгириҳои ҳамсон ва муштараки ду ҷониб дар ростои аксари қазияҳои минтақавию байналмилалӣ метавон гуфт, ки робитаҳои сиёсии ду давлат  ба сатҳи олии худ расидаанд.

Ҷонибҳоро зарур аст, ки дар партави рӯҳияи бародарӣ ва ҳусни боварии ташаккулёфта ҷиҳати амалисозии хостаҳо ва ормонҳои раҳбарони олӣ ба баланд бардоштани сатҳи ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, аз ҷумла иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ иқдом намоянд, зеро тавсеаи ҳамкории беруна дар ҳавзаи Осиё ва инчунин дар доираи Созмони ҳамкории исломӣ аз самтҳои авлавиятноки манзумаҳои сиёсати хориҷии ду давлат шинохта шудааст.

Зубайдулло ЗУБАЙДЗОДА,
 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Давлати Кувайт

Апрель 1, 2020 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври сеюми машваратҳо оид ба масъалаҳои консулии Тоҷикистон ва Озарбойҷон доир шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор шуданд
Дар Женева бо ташаббуси Тоҷикистон чорабинии давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид марбут ба обу иқлим баргузор шуд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Одил Рено-Бассо мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Нидерланд баргузории Конфронси сеюми оби Душанберо муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд
Тоҷикистон ва Индонезия ҳавасмандиашонро ба таҳкими ҳамкории дуҷониба изҳор намуданд
Шараф Шерализода бо ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Маҷористон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва муқовимат бо ҷинояткориро ба имзо расониданд
Низоми бераводиди яктарафа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 давлати дигар аз 1 май мавриди амал қарор мегирад
Суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
Дар Душанбе машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ ва консулӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор мегарданд
Сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид