Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сафири Давлати Фаластинро ба ҳузур пазируфт

Апрель 4, 2020 10:50

ДУШАНБЕ, 04.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 3 апрел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исоро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни суҳбат раванди мусбати густариши робитаҳои Тоҷикистону Фаластин дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла таҳким ёфтани муколамаи сиёсӣ таъкид гардид. Дар баробари ин таваҷҷуҳи тарафайн ба зарурати афзоиши робитаҳо ҷиҳати истифодаи густурдаи зарфиятҳои ҳамкорӣ бар асоси дӯстии пойдор байни ду давлат  ҷалб шуд.

Сироҷиддин Муҳриддин афзуд, ки сулҳи одилона, пойдор ва доимӣ дар Ховари Наздик танҳо дар сурати амалӣ гардидани қароре имконпазир буда метавонад, ки бар ҳамзистии осоиштаи ду давлати мустақил – Фаластин ва Исроил устувор аст.

Дар фарҷом Сироҷиддин Муҳриддин ба нахустин Сафири муқими Фаластин дар Тоҷикистон ба муносибати оғози фаъолияташ комёбӣ орзу намуда, омодагии Вазорати корҳои хориҷиро баҳри мусоидат ба ифтитоҳи Сафорати Фаластин дар Душанбе изҳор кард.

Акс аз ВКХ ҶТ

Апрель 4, 2020 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид