ХАБАРИ ФАВРӢ: Дар Тоҷикистон ҳодисаҳои тасдиқшудаи бемории сироятии CОVID-19 аз намунаҳои биологии ҳодисаҳои гумонбар ба қайд гирифта шуд

Апрель 30, 2020 14:57

ДУШАНБЕ, 30.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон,  раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-ковид-19  Қоҳир Расулзода  ҷаласаи навбатии  Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-ковид-19 баргузор  гардид.

Дар ҷаласа таъкид гардид, ки тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-уми апрели соли 2020 15 ҳодисаи тасдиқшудаи бемории сироятии коронавирусии CОVID-19, аз ҷумла дар вилояти Суғд 10 (даҳ) ҳодиса ва дар шаҳри Душанбе 5 (панҷ) ҳодиса аз намунаҳои биологии ҳодисаҳои гумонбар  ба қайд гирифта шудааст.

Бо назардошти ин вазъ Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пӯрзур намудани тадбирҳои зидиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус ( CОVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи мавҷудияти бемории сироятиро расман эълон намуд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки шўруъ аз 1 феврал ба ҳолати субҳи рӯзи 30 апрели соли 2020 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаяйн ва ошкорсозии сирояти коронавирус 10937 нафар шаҳрвандони дохилию хориҷӣ ба карантин фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора то имрўз 8438 нафар дар ҳолати муътадил ва солим ба хона ҷавоб дода шудаанд.

Ҳамзамон айни ҳол дар муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳурӣ зиёда аз 2000 нафар таҳти муоина ва назорати табибон қарор доранд. Дар таърихи 29-уми апрели соли 2020  аз муассисаҳои тиббӣ 304 нафар ҷавоб дода шудааст.

Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ  аз паҳншавӣ ва интиқоли сирояти коронавирус ( CОVID-19) барои донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар аз худ  шудани барномаҳои  таълимӣ аз 4-уми майи соли 2020 таътили тобистона эълон карда шуд. Имтиҳоноти тобистонаи ин донишҷуён аз рӯйи рейтингҳои якум ва дуюм ҷамъбаст ва баҳогузорӣ карда мешавад.

Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти интиҳоноти давлатии хатм то 15-уми майи соли 2020 пешбинӣ шудааст.

Ситоди ҷумҳуриявӣ  ҳамчунин бинобар ҳатмӣ будани истифодаи  ниқобҳои тиббӣ барои аҳолӣ  қарор қабул кард.

Апрель 30, 2020 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид