Ба муассисаҳои тандурустии Душанбе ҷиҳати пешгирии паҳншавии коронавирус дар ҳаҷми зиёда аз 5 миллион сомонӣ кумак расонида шуд

Апрель 16, 2020 15:34

ДУШАНБЕ, 16.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус 20 ҳазор  адад тестҳои санҷишӣ барои муайян кардани вируси COVID-19, 10 адад таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ барои шушҳо (ИВЛ) ва 500 маҷмӯи либосҳои махсуси тиббӣ  тақдим гардид, ки   ҳаҷми кумаки расонидашуда  ба зиёда аз 5 миллион сомонӣ баробар аст. Ширкати «Тоҷикгидроэлектромонтаж» тасмим гирифтааст, ки  ояндаи наздик боз беш аз 20 адад таҷҳизоти сунъии нафаскашӣ барои шушҳо (ИВЛ)-ро  аз корхонаҳои маъруфи ҷаҳонӣ дастрас намуда, ба муассисаҳои  тандурустии шаҳри Душанбе тақдим намояд.

 Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд,  ин иқдом бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар доираи тадбирҳо оид ба пешгирӣ аз  паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) сурат гирифта, ин кумак дар доираи иқдомҳои башардӯстона ва эҳсонкорӣ аз ҷониби ширкати ТГЭМ — «Тоҷикгидроэлектромонтаж»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон  расонида шуд.

Дар ҷараёни тақдими таҷҳизоти тиббӣ намояндаи ширкат иттилоъ дод, ки тестҳои мазкур ба тамоми беморхонаҳои давлатии шаҳри Душанбе тақсим карда мешаванд. Онҳо барои зуд ташхис кардани вирус,  дар инзивоъ қарор додани шахсони мубтало ба он ва пешгирӣ аз  паҳншавии вирус  пешбинӣ шудаанд.

Тазаккур бояд дод, ки ширкати ТГЭМ («Тоҷикгидроэлектромонтаж») бо пайравӣ аз иқдомҳои хайру эҳсонкории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтааст, ки оянда низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои умумиинсонӣ чунин ташаббусҳои башардӯстонаро идома диҳад.

Апрель 16, 2020 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад