Вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ: дар Рамазон ҳам масҷидҳо мамнуъ боқӣ хоҳанд монд
ДУШАНБЕ, 17.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи расмии Вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ Муҳаммад Абдул Алӣ ба ВАО изҳор доштааст, ки ҳоло дар мамлакат ҷамъ шудани гурӯҳҳои зиёди одамон иҷозат набуда, баргузории намозҳои дастаҷамъӣ, инчунин боздид аз масҷидҳо мамнуъ боқӣ хоҳанд монд.
«Ҳама пазмони ҷамъомадҳои динӣ дар моҳи Рамазон шудаанд, аммо тадбирҳои андешидашуда то аз байн рафтани пандемияи коронавирус идома хоҳанд ёфт»,- илова намуд Муҳаммад Абдул Алӣ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан мақомоти Арабистони Саудӣ аз мусалмонон даъват карданд, ки омодагиҳоро барои адои ҳаҷ, ки имсол бинобар пандемияи коронавирус зери таҳдид қарор дорад, интизор шаванд.
Аз ҷумла, тавре қаблан сомонаи иттилоотии «Хабар оҷил» иттилоъ дод, мақомоти Арабистони Саудӣ эълон доштанд, ки бинобар коронавирус тасмим гирифтаанд маҳдудиятҳоро дар кишвар дар моҳи Рамазон низ идома диҳанд.
Соли равон моҳи мубораки Рамазон дар ҷаҳони ислом аз охири моҳи апрел то охири моҳи май баргузор мешавад.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, 6 апрел мақомоти Саудӣ аз ҷорӣ шудани маҳдудияти гаштугузори шабонарӯзӣ бидуни зарурат дар баробари Макка ва Мадина дар якчанд шаҳрҳои дигар, аз ҷумла пойтахти он- Ар-Риёз, Ҷидда ва инчунин шаҳрҳои Даммом, Заҳрон, Ал-Катиф ва Ал-Хобар, ки дар онҳо шумораи зиёди мубталоён ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст, эълон кард.
«Танҳо 50% аҳолӣ дар хона боқӣ мондаанд ё фаъолияти худро кам кардаанд. Аз ин рӯ, тасмим дар бораи манъи ҳаракат ба манфиати ҳама аст»,- гуфта мешавад дар изҳороти намояндаи Вазорати корҳои дохилии Саудӣ.
Вобаста ба вазъияти бавуҷудомада доир ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус як қатор мамлакатҳои исломӣ на танҳо Арабистони Саудӣ, балки Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон намозгузориро дар масҷидҳо манъ ва дигар чораҳоро дар ин ҷода пурзӯр намуданд. Дар ин бора дар ВАО хабарҳои сершумор ба нашр расиданд.
Бемории шадиди илтиҳоби шуш, ки барангезандаи асосии коронавируси нав дониста мешавад, охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вухани Чин хуруҷ кард ва то имрӯз дар зиёда аз 200 давлати ҷаҳон паҳн гардид. 11 март СУТ коронавирусро пандемия эълон кард.
17 март дар Арабистони Саудӣ ҳамаи масҷидҳо баста шуданд ва мақомот намозгузории дастаҷамъонаро манъ намуданд. Инчунин мамлакат сарҳади худро ба чандин давлатҳо баст ва парвози ҳавопаймову рафтуомади нақлиёти байналмилалиро маҳдуд намуд.
Вазири молияи Арабистони Саудӣ Муҳаммад ал-Ҷадан зимни муроҷиат тавассути телевизиони давлатӣ эълон намуд, ки ҳукумати мамлакат барои муборизи бо COVID-19 тадбирҳои зиёде андешида истодааст. Ҳукумати мамлакат барои дастгирии корхонаҳои хурду миёна дар ҳаҷми 70 миллион риол кумакпулӣ ҷудо намуд.
Тибқи маълумоти охирин, шумораи ҳолатҳои сирояти коронавирус дар Арабистони Саудӣ ба 6380 нафар расида, 83 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд ва 990 нафар шифо ёфтаанд.