Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон

Май 28, 2020 06:57

ДУШАНБЕ, 28.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 28 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва боздид аз ҳолати истифодаи заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ташриф бурданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун ва имкониятҳои ин муассисаи тиббӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ шинос шуда, бо табибону кормандони соҳа мулоқот намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳия то имрӯз 1 беморхонаи марказӣ, 5 беморхонаи минтақавӣ, 10 маркази саломатӣ ва 38 бунгоҳи тиббӣ фаъолият намуда, ҳамаи онҳо бо шароити мусоиди корӣ таъминанд ва мутахассисони хуби соҳа ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.

Баъди шиносоӣ бо шароити беморхонаи марказии ноҳия дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо табибони ноҳия вохӯрии судманд анҷом доданд.

Таъкид карда шуд, ки бо эълони вазъияти пандемия дар ҷаҳон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввал ба хотири пешгирӣ аз эпидемияи баамаломада корҳои зарурӣ ба сомон расонид.

Ташкили Ситоди махсуси ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бар зидди паҳншавии бемории сироятии нави COVID-19, муҷаҳҳаз гардонидани беморхонаву марказҳои саломатӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии тиббӣ, таъмини табибон бо либосҳои махсуси муҳофизативу маводи зиддивирусӣ ва ташкили беморхонаҳои муваққатии сироятӣ аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки то ин давра давлату Ҳукумати мамлакат сомон доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки табибон бояд ҷиҳати муолиҷаи саривақтии гирифторони бемориҳои сироятӣ ва роҳ надодан ба хуруҷи он тамоми чораҳоро амалӣ намоянд ва муолиҷаи онро бо назардошти талаботи бехатарӣ роҳандозӣ намоянд.

Барои заҳматҳои шабонарӯзӣ ва фаъолияти содиқона Сарвари давлат ба табибон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон 28.05.2020

Май 28, 2020 06:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон