Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 5, 2020 17:55

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Олимзода Н.Х.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Олимзода Насим Хоҷа бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
5 майи соли 2020
№1528

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Абдуллозода Ҷ.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
5 майи соли 2020
№1529

Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 5 майи соли 2020 дар вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

 Соли таваллуд     09 декабри соли 1966      Ҷои таваллуд  ноҳияи Данғара

 Миллат  тоҷик         Таҳсилот  олӣ

соли 1989  Донишгоҳи  давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст.

 Ихтисос  кори табобатӣ

 Унвони илмӣ доктори илмҳои  тиб, профессор

 Кадом забонҳои хориҷиро медонад  русӣ, англисӣ

 Вакили Маҷлиси вакилони халқҳаст ё не вакили маҷлиси вакилони халқии шаҳри Душанбе

 Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не Медали “Шафқат” (соли 2009), Унвони фахрии “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 2015)

 Вазъи оилавӣ  оиладор

Суроға  шаҳри Душанбе, ноҳияи  Исмоили Сомонӣ

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1989 — 1990 табиб-интернаи шуъбаи ҷарроҳии Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №2 ба номи академик К.Тоҷиев, шаҳри Душанбе
Солҳои 1990 – 1992 табиби ҷарроҳи Дармонгоҳи  №7 назди Беморхонаи клиникии шаҳрии №2, шаҳри Душанбе
Солҳои 1992 — 1998 табиби ҷарроҳи Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №3, шаҳри Душанбе
Солҳои 1998 – 2008 мудири шуъбаи ҷарроҳии Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №3, шаҳри Душанбе
Солҳои  2008 — 2014 директори Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №3, шаҳри Душанбе
Солҳои  2014 — 2017 директори Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ, шаҳри Душанбе
Аз моҳи январи соли
2017 то ҳол
Директори Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии Истиқлол, шаҳри Душанбе
Кор ва фаъолият дар кафедраи ҷарроҳии умумии №2 ДДТТ
Солҳои  2002-2004 Ассистенти кафедраи ҷарроҳии умумии №2 ДДТТ
Солҳои  2004-2008 Дотсенти кафедраи ҷарроҳии умумии №2 ДДТТ
Аз соли 2008 Аъзои шӯрои диссертатсионии ДДТТ
Солҳои  2008-2014 Профессори кафедраи ҷарроҳии умумии №2 ДДТТ
Солҳои  2015-2017 Мудири кафедраи ҷарроҳии умумии №2 ДДТТ
Аз соли 2017 то инҷониб Профессори кафедраи ҷарроҳии умумии №2 ДДТТ

 

Май 5, 2020 17:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ