ЛОИҚ ШЕРАЛӢ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ. Ёдкард аз мақолаҳои таърихии шоири шаҳир ва публисисти шуълавари тоҷик дар рӯзи мавлудаш

Май 20, 2020 14:44

ДУШАНБЕ, 20.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи байналмилалии «Нилуфар», яке аз суханварони мумтоз ва маҳбубтарини халқи тоҷик Лоиқ Шералӣ аст: агар умр вафо мекард, устоди зиндаёд ба синни 79 медаромад.

Бузургии Лоиқ дар он аст, ки ашъори сурудааш ҳамагӣ ҳамнавои дили мардуми оддӣ, таъсирбахш ва хеле зиёд ширину равонанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки меҳри Лоиқ ва муҳаббат ба шеъри баландпояи ӯ кайҳост, ки марзи Тоҷикистон ва дигар кишварҳои форсигӯйро убур намуда, берунтару фарохтар доман  паҳн кардааст.  

Вале шояд на ҳама медонанд, ки устод Лоиқ дар рӯзномаҳо кор ва ё ҳамкорӣ карда, ба ҳайси публисисти шуълавар мақолаҳои зиёде навиштааст ва барои бедории миллати тоҷик, ҳувияти миллӣ ва мақоми забони тоҷикӣ чун устодон Садриддин Айнӣ ва Муҳаммадҷон Шакурӣ талошҳои зиёде ба харҷ додааст.

Дар ин рӯз бо овардани мақолаи як рӯзноманигор ва адабиётшинос аз шаҳри Хуҷанд, ки солҳои пеш навишта шудааст, аз ин ҷанбаи эҷодиёти Лоиқ Шералӣ ёдовар мешавем.

Нимаи дуввуми асри ХХ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии шӯравӣ дигаргуниҳои назаррас ба вуқӯъ омаданд. Табиист, ки ин таҳаввулот ба инкишофи публитсистикаи тоҷик таъсири босамаре расонид. Публитсистони тоҷик бо истифода аз вазъият воқеаву рӯйдодҳои мушаххасу ҳаётӣ ва ҳодисаҳои муҳими рӯзмарраи зиндагиро мавриди таҳлилу муҳокима қарор доданд. Дар давраҳои муайяни адабиёти муосир адибон Мирзо Турсунзода, Ҳаким Карим, Алӣ Хуш, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Абдусалом Деҳотӣ, Аъзам Сидқӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Мутеулло Наҷмиддинов, Ибод Файзулло, Бахтиёр Муртазоев, Ӯрун Кӯҳзод, Нур Табаров, Иноят Насриддин ва дигарон ба рушди публисистика саҳм гузоштанд.

Дар қатори ин гуна қаламкашон Лоиқ Шералиро махсус метавон ном бурд, ки дар баробари такмили эҷоди бадеӣ – офаридани шеъри ноб ва рушди шеъри муосир оид ба масъалаҳои муҳими забон, адабиёт, маънавият, фарҳанг ва эҷодиёти адибони гузаштаву имрӯз асарҳои пурарзиши илмӣ-публитсистӣ таълиф кардааст. Дар силсилаи гузоришу мусоҳибаҳои ин суханвари тавоно низ бо масъалаҳои умдаи ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии тоҷикон ошно мешавем.

Ба фикри мо, баррасии мақоми публитсистикаи Лоиқ аз нигоҳи мазмуну муҳтаво ва завқу кайфияти навишта шудани онҳо дар баробари эҷоди бадеӣ – шеъри сара ва ноб барои офаридани чеҳраи мумтози эҷодии ин суханвари бузурги нимаи дувуми садаи бист ба таври густурда мусоидат мекунад.

Фаъолияти адабии Л. Шералӣ солҳои 60-уми асри ХХ дар рӯзномаи «Комсомоли Тољикистон» оғоз шудааст. Кор дар чунин маркази бонуфузи қаламкашӣ, дар иҳотаи адибони маъруф, рӯзноманигорони закӣ ва соҳибсабк ба шоир мактаби муҳими эҷодӣ дар рушди фаъолияти публитсистӣ ва падид омадани таълифоти арзишманд дар ин замина гардида, ӯро ба сифати публитсисти варзида ва ҷасур ба камол расонид.

ДАР АКС: 28 марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Панҷакент муҷассамаи Лоиқ Шералиро ифитоҳ намуданд. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Дар аввал Л. Шералӣ дар силсилаи мақолаҳояш анъанаҳои миллиро инъикос ва таблиғ карда, барои эҳё ва густариши расму ойин ва ҷашну маросимҳои миллии тоҷикон дар мубориза бар зидди талаботи замон нақши беандоза гузоштааст. Рӯй овардан ба ин гуна масъалаҳо дар давраи душвори мубориза дар роҳи устувор кардани суннатҳои куҳани халқи тоҷик, мушкилоти рӯҳиву равонии давраи ҳукмронии Ковал, интишор ва авҷи ғояҳои интернатсионализми байни миллатҳои шӯравӣ навъе қолабшиканӣ маҳсуб мешуд. Лоиқ дар ин замина дар радифи як зумра аз шахсиятҳои мубориз қарор гирифт, ки дар дифоъ аз ҳуқуқи тоҷикон, забон ва фарҳанги миллии онон кӯшишу талоши зиёд ба харҷ доданд. Ин ҷанбаи масъала дар бештари таълифоти илмӣ ва илмӣ-публитсистии ҳамзамонони Лоиқ оид ба мушкилоти раванди шаклгирии миллати тоҷик дар садаи бист равшан ва ошкор шудаанд.

Мақолаҳои «Наврӯзи Ленинобод» ва «Дар боби анъана ва русуми нав» садои эътирози муаллифро аз нуқсон ва норасоиҳои ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии кишвар бозгӯ мекунанд. Муаллиф мардумро даъват мекунад, ки ба кору вазифа бемасъулият набошанд, зеро бетафовутӣ дар ҷомеа зуҳуроти номатлуб ба бор меорад. Нашри ин ду мақола ба сари кормандони идораи рӯзномаи «Комсомоли Тољикистон» ташвишу саргардонии зиёд овард. Бо амри котиби дувуми КМ ПК Тоҷикистон  Иван Григоревич Ковал сармуҳаррири рӯзнома Абдулло Зокир бо ҷурми миллатгароӣ аз вазифааш барканор гардид.

Дар мақолаи «Наврӯзи Ленинобод» устод Лоиқ аз шукӯҳу шаҳомати оғози Наврӯз дар Ленинобод (Хуҷанди имрӯза) чунин меоварад: «Дар рӯи мошини кушода ду марди беқасабпӯш карнаю сурнай менавозад, севумӣ доира мезанад. Мошина тамоми кӯчаҳои шаҳрро гирд гашта, ба мардум салому паёми наврӯзӣ мерасонад: «Пагоҳ ид, иди Наврӯз!..». (Шералӣ Л. Наврӯзи Ленинобод // Комсомоли Тоҷикистон.–1967.–18 март).

Дар пешгуфторҳои Л. Шералӣ ба асари «Хуросон аст  ин ҷо!»-и академик М. Шакурӣ ва «Таърихи тоҷикон бо мӯҳри “комилан махфӣ»-и Раҳим Масов вазъияти мураккаби сиёсиву иҷтимоии кишвар матраҳ шудаанд, ки хонандаро ба андешаҳои амиқ водор мекунанд. Муҳаққиқ Сафар Абдулло дар мақолаи «Виҷдони бедори адабиёт» ин мақолотро аз лиҳози ширинии баён ва мӯҳтавои ангезандаашон, ки дар адабиёт беназир аст, баробар бо арзиши мӯҳтавои китоб медонад (Абдулло С. Виҷдони бедори адабиёт // Марсияи хуршед.–М: 2001.–С. 274-308.) 

Қисмати муайяни навиштаҳои Лоиқ ба масъалањои забони тоҷикӣ бахшида шуда, паҳлӯҳои мухталифи онро равшан менамояд.

Муҳимтарин афкори устод Лоиқ перомуни забон дар навиштаҳои «Забони тоҷикӣ бояд мақоми давлатӣ дошта бошад» (1988), «Мероси ҷовидона» (1991), «Як рукни муқаддасоти миллӣ» (1988), «Вуруде ба боргоҳи ин китоб» (1997), мақолаҳои ҳаммуаллифии «Соҳиби ин забон кист?» (1994), «Шиносномаи миллат» (1988), «Пора кунем ё чора кунем» (1992) баён шудаанд.

Лоиқ Шералӣ ба масоили таърих ва таҳаввули забони форсӣ-тоҷикӣ дар асоси асноду бурҳон хеле дақиқ ва мушаххас рӯй оварда, бо услуби хос ва бо эҳсоси бузурги худогоҳии миллӣ хонандаро ба соҳибзабон будан даъват ва ҳидоят намудааст.

Фаъолияти Л. Шералӣ дар рушду эҳёи фарҳанги тоҷикӣ аз чанд ҷиҳат ба корнамоиҳои устодон С. Айнӣ, Б. Ғафуров, М. Турсунзода шабоҳат ва иртибот дорад. Аз ҷумла, роҷеъ ба бузургдошти забони тоҷикӣ фаъолияти устод Айниву Лоиқ ва талоши онҳо дар роҳи пойдории он қобили таваҷҷӯҳ аст. Агар устод Айнӣ солҳои 20-30-юми асри ХХ хидматеро дар ин бахш ба ҷо оварда бошад, Л. Шералӣ дар пайравӣ ба ӯ солњои 80-90-уми садаи гузашта ин талошро идома дод.

Нигоштаҳои устодон Айнӣ ва Лоиқ ба бузургдошт ва эҳтироми забони форси тоҷикӣ, таъкиду исботи мавқеи волову нерӯманди забон дар таърих ва замони муосир бахшида шудаанд. Агар С. Айнӣ барои тозагии забони тоҷикӣ ва рисолати таърихии он мубориза намуда, дар ҷамъбасти мунозираҳои солҳои 20-уми асри ХХ дар атрофи забони тоҷикӣ фаъолона ширкат варзида бошад, Л. Шералӣ дар радифи равшанфикрони тоҷик М. Осимӣ, М. Шакурӣ, Ш. Рустамов, А. Турсунзод  ва даҳҳо дигарон дар роҳи бақои забон ҳамчун рукни муқаддасоти миллӣ ва рушду такомули он саҳми босазо дорад.

Ин гуна талошҳо дар давраи хароб шудани вазъи забонҳои миллӣ дар нимаи дувуми асри ХХ арзиши бештаре доштанд. Бино ба гуфтаи Л. Шералӣ, ин замони омезиши талаффузи тоҷикӣ бо русӣ дар байни тоҷикон буд. Муоширати мардум ба шеваи вайрони тоҷикии омехта ба русӣ дар кӯчаву бозор – шаҳрҳои Тоҷикистон садои эътирози равшанфикронро баланд кард. Ба таъбири нигоранда захираи луғавии мардум (тоҷикӣ ва русӣ) барои баёни фасеҳи матлаб кифоя набуд, бинобар ин онҳо бо забони омехта муошират мекарданд. То давраи бозсозӣ забони ағлаби амру фармон, маҷлису вохӯрӣ, ҳуҷҷатҳои давлатӣ русӣ буданд. Забони тоҷикӣ ҳамчун забони коргузории расмӣ аз истифода маҳрум монд. Чунин муносибат ба забон равшанфикронро ба ташвиш овард ва онҳо дар матбуот масъалаи баланд бардоштани мақоми забони тоҷикиро гузоштанд. Мақолаҳои яке аз талошгарони забон, академик М.Шукуров (М. Шакурӣ)  аз аввалин навиштаҳо дар матбуоти марказии Маскав – «Литературная газета» ба нашр расиданд, ки дар матбуоти тоҷик  бознашр шуданд. Дар нашрияҳои «Тоҷикистони советӣ», «Газетаи муаллимон», «Адабиёт ва санъат», маҷаллаи «Садои Шарқ» баҳсҳои доманадоре дар ин замина оғоз шуда, силсилаи мақолањои таҳлилӣ нашр гардиданд.

Таҳқиқи ҷанбаи иҷтимоии забон дар публитсистикаи Лоиқ яке аз масъалаҳои муҳим буда, дар ин замина баҳсу мунозираҳои доманадоре сурат гирифтааст.

Аз ҷумла, нашри мақолаи Л. Шералӣ «Як рукни муқаддасоти миллӣ» дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» дар ҷомеа хеле ангеза ба вуҷуд овард ва боиси баҳсу мунозираҳои мухталиф гардид. Дар мақола асосан масъалаи ному номгузорӣ ва мушкилоти он дар байни ҷомеа ба таври равшану возеҳ баррасӣ шуда, манзараи ҳақиқии номпазиранда ва номгузорандаҳо муаллифро ба таҷҷуб овардааст. Дар мақола ба номҳои таърихии форсӣ-тоҷикии шаҳру вилоятҳои Аҷам таваҷҷуҳ шуда, ки хеле шоиронаву ширин, хушоҳангу зебоанд, мисли Эрон, Неро, Тeҳрон, Зарафшон, Мозандарон, Хуросон, Исфаҳон. Ҳар ном мансуб ба маҳал ва дороии он будааст. Ӯ аз номҳои булаҷаби маҳаллу бозорҳои Душанбе: «Дом Печат», «Гипрозем», «Медгородок», «Зелёный бозор» ва дигар маҳалҳо изҳори нигаронӣ мекунад ва меафзояд, ки ба ҷои онҳо гузоштани номҳое мисли Нишеман, Ховарон, Гулобод, Гулбод, Офтобрӯя мувофиқ буда, дороии миллиамонро боло мебаранд (Шералӣ Л. Як рукни муқаддасоти миллӣ // Тоҷикистони советӣ.–1988.–28 декабр.).

Л. Шералӣ перомуни инкишофи забон андеша ронда, бар ин нукта таъкид мекунад, ки миллати тоҷик бояд соҳибзабон будани худро ба исбот расонад. Дар кишвар аз қабули Қонуни забон хеле вақт сипарӣ шуда бошад ҳам, аммо дар муошират ва тозагии забон халал ва лағзишҳо боқӣ мондаанд. Истифодаи калимаҳои «серавно», «вапше», «издачи надод», «успет намекунам» ва ғайра дар гуфтугӯи ҳаррӯзаи муаллим, хонанда, деҳқон, коргар, олим (на фақат забоншиносу адабиётшинос) фаровон аст, ки аз назари Лоиқ фоҷиаи миллист. Ӯ бо изтироб гуфта буд, ки дар ин ҳол «ба тозагии забон умед бастан душвор аст…» (Шералӣ Л. Мероси ҷовидона // Сомон.–1991.– 19 июн.).

Л. Шералӣ тарафдори фикри Ҳабиб Юсуфист, ки гуфтааст: «На фақат забонро ба дараҷаи гуфтугӯи халқӣ поён фаровардан, балки халқро ҳам ба дараҷаи забони адабӣ боло бардоштан лозим аст».

Дар замони ҳукмронии шӯравӣ ба сари халқҳои хурд, аз ҷумла тоҷикон хавфи аз байн рафтани забони миллӣ ба миён омад. Тибқи маълумоти оморӣ, дар саршумори соли 1926  дар мамлакат 194 миллат номнавис шуда буданд,   дар ҷоншумори соли 1974 бошад намояндагони 101 миллат ба қайд гирифта шудаанд. Ин масъала солҳои 80-90-уми асри ХХ як зумра равшанфикрони тоҷик М.Шукуров, Р.Амонов, Г.Сафиева, Ш.Рустамов, Р.Fаффоров ва Лоиқ Шералиро дар ташвиш гузошт. Донишмандон аз вазъи фалокатбори аз байн рафтани забони тоҷикӣ мақолаҳо навиштаанд. Системаи фармонфармоиву зӯроварӣ дар мамлакат шароитеро ба миён овард, ки ҳатто барои иҷрои дастурҳои асосгузори давлати шӯравӣ Ленин имкон намонд: «Равшан аст, ки дар доираҳои равонӣ дар ҷамъият аз истифода баромадани забони тоҷикӣ тамоман хилофи принсипи ленинии баробарҳуқуқии забонҳост. В.И.Ленин аз аввал баробарӣ ва озодии забонҳоро қисми таркибии барномаи ҳизби болшевикон қарор дода буд ва аз нахустин солҳои инқилоб аз аъзои ҳизб талаб мекард, ки масалан, дар Украина ба кори бартараф намудани ҳамаи монеаҳо роҳи инкишофи озодонаи забону маданияти украинӣ ба ҳамин воситаҳо ёрӣ расониданд»…. «Аъзоёни РКП, мегуфтанд, ки бояд дар ҳудуди Украина ҳуқуқи ба забони модарӣ таълим гирифтан ва дар ҳамаи идораҳои советӣ гуфтугӯ кардани оммаи меҳнаткашро амалӣ кунанд, бо кӯшишҳои русикуноние, ки мақсадашон забони украиниро беаҳамият кардан аст, ба ҳар восита муқобилат нишон дода, забони украиниро ба олати маърифати коммунистии оммаҳои мењнаткаш табдил диҳанд» (Шералӣ Л. Забони тоҷикӣ бояд мақоми давлатӣ дошта бошад // Тоҷикистони советӣ.–1988.–24 декабр.).

Бештари мардуми тоҷик, ки дар корхонаву муассисаҳои давлатӣ кор мекарданд, дар андак муддат аз забони модарӣ дур шуда ва ҳатто бо аҳли хонаводаашон дуруст ҳарф зада наметавонистанд. Роҳбарон, мансабдорон ва зиёиён ба тоҷикӣ нутқи дуруст надоштанд. Доир ба ин масъала Лоиқ ибрози ақида мекунад, ки зиёиён ва роҳбарону мансабдорон дар пеши халқ ва, хусусан, меҳмонҳои афғониву эронӣ сухан ронанд ва сӯҳбат кардани онҳо пеш ояд, ҳосили он шармандагист.

Ба ҳамин хотир майдони истифодаи ҷамъиятии забони тоҷикӣ маҳдуд шудан гирифт ва эътибори он ҳар лаҳза ба паст рафт. Забони тоҷикӣ аз муомилоти расмӣ қариб тамоман берун монд ва дар аксар маврид то ба дараҷаи забони хона ва кӯчаву бозор паст шудани мақоми забони миллӣ чунин маъно пайдо кард, ки аз пояи олӣ маҳрум шудааст ва ба тараққии он умед кам мондааст. Забони тоҷикӣ дигар дар маркази пойтахт ба кор намеомад. Академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ доир ба ҳамин масъала чунин нигоштааст: «Ақидае пайдо шуд, ки гӯё омӯзиши забони модарӣ ба омӯзиши илми забон ва забонҳои дигар халал мерасонад. Мегуфтанд, ки дар кишвари шӯравӣ осори илмӣ дар ҳама риштаҳо ба забони русӣ ба вуҷуд меоянд, донистани забони русӣ кифоя аст» (Шералӣ Л. Вуруде ба боргоҳи ин китоб.–Шакурӣ М. Хуросон аст ин ҷо!–Душанбе: Оли Сомон, 1997.–С. 2.).

Асосан яке аз шохаҳои услубии забони тоҷикӣ -услуби бадеӣ дар байни адибон бештар вусъат дошт. Аммо услуби илмӣ, ки бино ба гуфтаи устод Лоиқ «дар таърихи халқи тоҷик ҳазор сол умр дорад», маҳдуд гардид ва ин услуб танҳо дар соҳаи суханшиносӣ корбарӣ мешуд. Забони асосии илм забони русӣ буд. Аз ин хотир забони тоҷикӣ ба таври мӯътадил рушд накарда, решаҳои он суст гардиданд.

Забони тоҷикӣ дар марказҳои маданию маърифатӣ нуфузашро аз даст дода, доираи истифодааш фақат дар деҳаҳои тоҷикнишин маҳдуд монд.

Забони тоҷикӣ аз ҳуқуқи иҷрои вазифаҳои иҷтимоӣ маҳрум гардид ва ба решаҳои миллат осеб расид. Борҳо исбот шудааст, ки агар дар ҷомеа забони бузургу сернуфуз дар паҳлӯи забони камнуфуз дар ҷараён бошад, дар иҷрои вазифаҳои иҷтимоӣ миёни онҳо баробарҳуқуқии воқеӣ амал нахоҳад кард. Ҳатто дар сурати таълими баробарӣ ва озодии забонҳо аз лиҳози қонун ҳам ин кор аз имкон дур мебошад.

Рушди забони миллӣ дар арсаи сиёсат, иҷтимоиёт, илму фарҳанги миллат ба таври комил эҳтиром ва риояи вазифаҳои онро тақозо дорад. Як зумра равшанфикрон М.Шукуров, Л.Шералӣ, Ш.Рустамов, Р.Fаффоров, Р.Амонов ва дигарон зарур шумориданд, ки ба муҳофизати забони миллӣ «қоидаҳои сахт ҷорӣ карда», як силсила чораҳои зарурӣ андешанд. Ба андешаи эшон тадриҷан ба тартиб овардани самтҳои муҳоҷират, пеш гирифтани сиёсати қатъии пурсамар барои афзоиши ададиву сифатии синфи коргари тоҷик ва зиёиён, риояи таносуби миллии ҳайати кормандони идораҳо, саноат, хизматрасонии маишӣ ва ғайра, вусъат бахшидан ба корҳои тарбиявии кӯдакистонҳои миллӣ, ба куллӣ нав кардани дарси таълими забон, адабиёту санъат ва таърихи халқи тоҷик дар мактаби миёнаву олӣ муҳимтарин бахшҳои чорабиниҳо хоҳанд буд. Танҳо дар ҳамин сурат кафолати ҳуқуқии конститутсияи ҷумҳурӣ барои чун забони давлатӣ бо роҳи табиии пурнатиҷа тараққӣ ёфтани забони тоҷикӣ амалїӣ хоҳад гардид.

Яке аз натиҷаи сиёсати шӯравӣ дур шудан аз ҳувияти миллӣ ва ҳофизаи таърихиву фарҳангӣ мебошад.

24-декабри соли 1988 мақолаи ҳаммуаллифие таҳти унвони «Забони тоҷикӣ бояд мақоми давлатӣ дошта бошад» интишор ёфт. Ин мақола низ ба таври равшан исбот мекунад, ки иҷрои вазифаҳои ҷамъиятӣ ба забони адабии тоҷикӣ хеле маҳдуд гардид. Дар ташкилоту идораҳо муомилоти расмӣ умуман бо забони тоҷикӣ сурат намегирифт. Гузориши масъала дар мақола рӯҳи пуршиддати иҷтимоӣ дорад: «Барои чӣ масъалаи забони тоҷикӣ ва вазъи давлатӣ шудани он дар замони бозсозӣ (солҳои 1980-1990-уми асри ХХ) аҳамияти калон пайдо кард? Чӣ зарур омадааст, ки мавқеи ҷамъиятии забони тоҷикӣ кафолати устувори ҳуқуқӣ ва конститутсионӣ дошта бошад?» (Шералӣ Л. Забони тоҷикӣ бояд мақоми давлатӣ дошта бошад // Тоҷикистони советӣ.–1988.–24 декабр).

Дар ин замина матбуоти нимаи дувуми солҳои 80-уми асри ХХ силсилаи мақолаҳоеро нашр кард. Хусусан, пешниҳоди иштирокчиёни конфронси маданияти сухан, ки рўзҳои 24-25-ноябри соли 1988 дар АИ ҶТ баргузор гардид, арзиши амалии бештаре пайдо кард: «Забони тоҷикӣ бо қарори Совети Олии РСС Тоҷикистон забони давлатӣ дониста шавад. Ба ин маънӣ моддаи махсус бояд ба Конститутсия (Қонуни асосӣ)-и РСС Тоҷикистон илова гардад. Конститутсия кафолати ҳуқуқии истифодаи забони тоҷикиро дар органҳои давлатӣ, дар муассисаҳо, идораҳо ва ташкилотҳо, дар таълими миёнаву олӣ, илм,техника, маданият, нигаҳдории тандурустӣ, хизмати маишӣ ва ғайра бояд таъмин намояд.

Президиуми Совети Олӣ ба комиссияи дахлдори худ ё ба комиссияи махсусе бояд супориш диҳад, ки бо иштироки ихтисосмандони забоншинос, сотсиолог, ҳуқуқшинос ва ғайра, инчунин бо ҳамкории зиёиёни эҷодкор лоиҳаи статуси забони давлатии РСС Тоҷикистонро тартиб дода, ба муҳокимаи умумихалқӣ ва баъд ба сессияи Совети Олии республика пешниҳод кунад» (Шералӣ Л. Забони тоҷикӣ бояд мақоми давлатӣ дошта бошад // Тоҷикистони советӣ.–1988.–24 декабр).

Ҳамин тариқ, дар асоси маводи матбуоти ин солҳо, мақолаҳои пурарзиш ва мубоҳисавии донишмандони тоҷик масъалаи бақои ҳастии миллат – устувории забони тоҷикӣ бо тамоми ҷиддият ба миён гузошта шуд. Ин пешниҳод вазъи ҳуқуқии забонро дар Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекард. Аз ҳама муҳим, ин талошҳо барои ба миён овардани «Қонуни забони РСС Тоҷикистон» асос гардиданд, ки он дар натиҷаи муборизаҳои шадиди равшанфикрон дар таърихи 22-юми июли соли 1989 сурат гирифт.

Ҳамин тавр, бо таъсири равандҳои умумииттифоқӣ муборизаҳои равшанфикрон дар роҳи барқарор шудани ҳуқуқи иҷтимоии забон, аз ҳоли табоҳ берун кардани забону фарҳанг, адабиёту санъат ва ривоҷ додани онҳо арзиши баланде пайдо кард.

Дар Осиёи Марказӣ Тоҷикистон нахустин ҷумҳурие буд, ки дар роҳи ҳифзи забон ва таъмини қонунияти он кӯшишҳои судманд ба харҷ дода шуд.

Лоиқ Шералӣ ва дигар донишмандони тоҷик талош карданд, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи забони тоҷикиро пойдор намуда, решаҳои ҳаётии онро устувор ва дӯстиву рафоқати ҳақиқии байни ҷумҳуриҳоро таъмин созанд.

Лоиқ Шералӣ ҳамчун шахси сиёсатдон, замоншинос, донишманди таърих, забон, адабиёт ва тамаддуни халқи тоҷик, донандаи хуби зисту зиндагии фарҳанги халқҳои дигар буда, аз ҳамин нуқтаи назар ҳодисаҳои ҷамъиятро тасвир ва маънидод менамояд. Дар ҳар мақола қатъи назар аз он ки ба кадом масъала дахл дорад, симои устод Лоиқ Шералӣ пеш аз ҳама чун таърихшинос, донандаи урфу одати халқ, таблиғгар ва нотиқи шӯълавар намудор мегардад. Ба андешаи мо, ин ҳама хусусиятои асосии публитсистикаи суханвари мумтози садаи бист мебошад.

Лоиқ Шералӣ дар аксари мақолаҳояш мавзӯъро дар пайвастагӣ ва алоқамандӣ бо ҳаводиси таърих ва замон тасвир менамояд. Публисистикаи адиб бештар ҷанбаҳои фарҳангии ҳаёти мардуми тоҷикро фаро гирифтааст. Фаъол будани муаллиф зимни гузориши масъала ва таҳлили ҳамаҷонибаи рӯйдоду далелҳо хонандаро ба ҷараёни воқеаҳо кашида, чун фарди иҷтимоӣ ӯро ба андеша водор мекунад ва, бо ҳамин, дар фароҳам овардани афкори умум саҳми бориз мегузорад.

Ҳар навиштаи устод Лоиқ Шералӣ бо баррасии муаммо ва мушкилот оғоз гардида, то чӣ андоза муҳим будани мушкилоти ҷомеаро аз ҷониби нигоранда нишон медиҳад. Андешаи фардои забону фарҳанги миллати тоҷик муҳимтарин ҷанбаи публисистикаи шӯълавари Лоиқ Шералӣ ба шумор меравад.

 

Боҳир РАҶАБ,
ш. Хуҷанд 

Май 20, 2020 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид