Ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Ҷопон густариш меёбад

Июль 16, 2025 10:21

ДУШАНБЕ, 16.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 июл президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кейко Фурута зимни мулоқот ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Ҷопон густариш дода шавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳо хабар доданд.

Дар мулоқот изҳор гардид, ки байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акита ҳамкорӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, дар оянда низ он дар самтҳои мухталиф тақвият хоҳад ёфт. Ҳамкории илмию техникии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо марказҳои илмии Ҷопон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави академия дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи Акита густариш меёбад.

Соли 2022 Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи Акита дар доираи барномаи байналмилалии SATREPS, JLSA ва JST лоиҳаро бо номи iTAG-SATREPS (лоиҳаи такмили системаи гармидиҳии декарбонатшуда бо истифода аз захираҳои зеризаминӣ ва татбиқи он дар Душанбе) пешбарӣ менамояд.

Ҳадафи асосии он истифодаи захираҳои геотермалӣ барои эҷоди системаи муосири устувории биноҳо мебошад, ки на танҳо ба коҳиш додани вобастагӣ аз манбаъҳои анъанавии энергия (ҳезум, ангишт, газ), балки инчунин ба коҳиши партовҳои гази карбон мусоидат менамояд.

Дар мулоқот изҳор гардид, ки ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон дар соҳаи маориф аз соли 1993 ба таври муназзам инкишоф ёфта, аз он вақт то имрӯз зиёда аз 2500 нафар намояндагони дорои ихтисосҳои гуногуни ҷумҳурӣ дар машғулияти таълимӣ ва такмили ихтисос дар Ҷопон иштирок намуданд. Лоиҳаи пешниҳоди стипендия барои тайёр кардани кадрҳои JDS (магистратура ва докторантура) дар доираи барномаи кумаки грантии Ҷопон аз соли 2009 саҳми мусбат гузоштааст. Дар доираи ин барнома то имрӯз 136 хизматчии давлатӣ соҳиби унвони магистрӣ ва аспирантура шудаанд.

Дар фарҷом ҷонибҳо барои омода намудани кадрҳои баланди илмӣ дар зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD ва ба таҳсил фаро гирифтани онҳо дар муассисаҳои олии Ҷопон ба мувофиқа омаданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Июль 16, 2025 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид