ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 май, якшанбе, 131-юмин рӯзи соли 2020 аст
10 майи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва кормандони муҳандисӣ-техникии Неругоҳи барқи обии Роғун мулоқоти самимӣ ва созанда анҷом доданд.
***
3 сол пеш, 10 майи соли 2017 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунарпеша ва коргардони Муассисаи давлатии Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Ҳошим Гадоев унвони фахрии «Арбоби ҳунари Тоҷикистон»-ро тақдим намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба истиқболи Рӯзи Шашмақом Фестивал — симпозиуми байналмилалии Шашмақом баргузор гардид.
10 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Қирғизистон – Рӯзи кормандони бонкдорӣ.
***
Дар Руминия – Рӯзи истиқлолият.
***
Дар Германия — Рӯзи китоб.
РӮЙДОДҲО:
10 майи соли 1995 пули миллии Тоҷикистон – рубли тоҷикӣ ба муомилот баромад.
***
10 майи соли 2011 барандаи як зумра мукофоти байналмилалӣ, Рассоми Халқии Тоҷикистон Суҳроб Қосимов бо унвони фахрии профессори Донишгоҳи Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин сарфароз гардонида шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба истирдод ба имзо расид.
***
10 майи соли 2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ботантанаи серӯзаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон баргузор гардид.
***
209 сол муқаддам, 10 майи соли 1811 дар Англия пули қоғазӣ ба муомилот бароварда шуд.
***
10 майи соли 1930 Клуби футболи Россия — «Ростов» таъсис дода шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2017 нашри русии маҷаллаи маъруфи «Нешнл Ҷеографик» («National Geographic») шоҳроҳи Помирро ба 10 роҳи зеботарини дунё шомил кард.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад