ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 май, ҷумъа, 136-умин рӯзи соли 2020 аст

Май 15, 2020 08:00

15 майи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви Комиссияи байналмилалӣ бар зидди ҳукми қатл, собиқ Президенти Конфедератсияи Швейтсария хонум Рут Дрейфусро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон доир ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешгирӣ аз таъйин ва татбиқи ҳукми қатл баррасӣ шуд.

***

5 сол пеш, соли 2015  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо ҷараёни сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа ба ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ёвон сафар карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

15 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии оила.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии иқлим.

РӮЙДОДҲО:

15 майи соли 2012 аввалин  маротиба дар Тоҷикистон китоби Қуръони азимушшаън аз сӯи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо хати брайлӣ барои нобиноён ба чоп расид.

***

15 маи соли 2014 дар шаҳри Душанбе масъалаи рушди ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

***

2 сол пеш, 15 майи соли 2018  аввалин автобусҳои шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон вориди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

***

15 майи соли 2016 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкории амниятӣ ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Тоҷикистон ва Италия масоили рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2013 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов бо роҳбари Гурӯҳи ширкатҳои «Akbulut Grubu» Алӣ Акбулут масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, лоиҳаҳо ва фазои сармоягузории Тоҷикистон, инчунин кушодани корхонаҳои муштаракро матраҳ  намуданд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Май 15, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст