ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 май, панҷшанбе, 128-умин рӯзи соли 2020 аст

Май 7, 2020 08:00

7 майи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоии бевосита бо ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, ки шаби 7 май ба амал омаданд, ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон сафар карданд.

***

4 сол пеш, 7 майи соли 2016 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати инсонпарваронаи хеш ба муносибати 71-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 ва қадршиносии ҷонфидоии бобоёну падарон дар ҷанг баҳри озодии насли оянда дар бораи расондани кумакпулии яквақтаи молиявӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Амр имзо намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Созишнома дар бораи содагардонидани тартиби тиҷорат бо Созмони умумиҷаҳонии савдоро вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон тасдиқ намуданд.

7 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Қазоқистон – Рӯзи ҳимояи Ватан.

 РӮЙДОДҲО:

 7 майи соли 2009 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Франсия баррасӣ гардид.

***

7 майи соли 2010 ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар бораи ифтитоҳи хатсайри нави ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Украина хабар дод.

***

9 сол қабл, 7 майи соли 2011 дар Исломобод Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Покистон таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Амари»-и Фаластин бо ҳам сабқат намуданд.

***

188 сол муқаддам, 7 майи соли 1832 Юнон  шоҳигарии мустақил гардид.

***

7 майи соли 1997 Ширкати Intel расман микропротсессори Pentium 2-ро муаррифӣ намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2018 намояндаи Тоҷикистон Меҳрона Ғайбуллоева бо иҷрои таронаи сарояндаи машҳури Россия Земфира «Ман туро ҷустам» («Я искала тебя»)  ба даври нимниҳоии озмуни «Ту беҳтарин» роҳ ёфт.

***

 Соли 1994 дар шаҳри Ванкувери Канада ҳунарнамоии сершумортарин дар таърихи ансамбл иборат аз 1 ҳазору 322 нафар гитаранавоз баргузор гардид.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Май 7, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст