Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 09.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 8 май бо ибтикори ҷониби Қирғизистон суҳбати телефонӣ байни вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Ҷумҳурии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВКХ-и ҷумҳурӣ.
Вазирони корҳои хориҷӣ муноқишаи шоми 8 май дар мавзеи сарҳадии Кумазори ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон рухдодаро баррасӣ карданд.
Зимни сӯҳбат мусоҳибон зарурати ҳамоҳангсозии амалҳоро барои танзими фаврии муноқишаи рухдода таъкид карданд. Онҳо ба тавофуқ омаданд, ки гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолии маҳаллӣ ба хотири коҳиш додани ташаннуҷ дар минтақаи сарҳадӣ мақсаднок хоҳад буд.
Вазирон ҳамчунин ба мувофиқа расиданд, ки барои мӯътадил кардани вазъ ва пешгирӣ намудани авҷгирии он дар оянда робитаи доимӣ дошта бошанд.








Дар Душанбе мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Шурои давлатии Чин Ли Сян баргузор гардид
Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбаргузор гузошт
Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд
Намояндаи Тоҷикистон бо Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мулоқот намуд
Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд






