Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт ва ноҳияҳои он як қатор тағйироти кадрӣ ба амал овард

Июнь 19, 2020 20:44

ДУШАНБЕ, 19.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси  шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  дар розигӣ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва дигар сохтору мақомоти шаҳрӣ тағйироти кадрӣ амалӣ намуда, бо ин мақсад кадрҳои ба мансабҳои масъул таъйингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   Сафаров Шарифхон Нураҳмадович ба мансаби муовини якуми Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Мусозода Илҳом Хол ва Шарифзода Наргис Достӣ ба мансаби муовинони Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ таъин гардида, Ҳаётзода Бозоралӣ Ҷаббор бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз мансаби муовини аввал, Сафарбекзода Шарофиддин Сафарбек ва Табарӣ Мавҷуда Ҳабибулло аз мансаби муовинони Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ бинобар ба кори дигар гузаштан озод гардиданд.

Ҳамзамон Аловиддинов Шодимурод Уроқович ба мансаби муовини якуми Раиси ноҳияи Фирдавсӣ, Раҷабов Абдулазиз Ваҳобович ва Шукурова Саодат Нусратуллоевна ба мансаби муовинони Раиси ноҳияи Фирдавсӣ таъин гардида, Хушзода Шералӣ Содиқ аз мансаби муовини якум, Маҳмудиён Нозилшоҳ Ҳаким ва Маҳмадзода Назокат Киромиддин аз мансаби муовинони Раиси ноҳияи Фирдавсӣ бинобар ба кори дигар гузаштан озод карда шуданд.

Ҳамчунин Қодирзод Руслан Раҷаб, Исматов Исуф Қузратович ва Каримова Ашурбӣ Одинаевна ба мансаби муовинони Раиси ноҳияи Сино таъин шуда, Саидмуминзода Аббос, Гулов Зафар Шамсуддинович ва Маҳмуродзода Муҳаррам Бурӣ аз мансаби муовинони Раиси ноҳияи Сино бинобар ба кори дигар гузаштан озод гардиданд.

Бо қарорҳои Раиси шаҳр Саидмуминзода Аббос ба мансаби сардори Раёсати иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Зуҳурова Зарина ба мансаби сардори Раёсати кор бо занон ва оила, Ҳаётзода Бозоралӣ Ҷаббор директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷавонон» ва Гулзода Зафар Шамсуддин директори Корхонаи воҳиди давлатии «Баҳодиҳӣ» (нархгузорӣ)-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъин карда шуданд.

Дар ҷараёни мулоқот Раиси шаҳри Душанбе кадрҳои ба мансабҳои роҳбарӣ дар ноҳияҳо таъйиншударо ба хизмати поквиҷдонона ва азму иродаи қавӣ дар иҷрои вазифаҳои давлатӣ ҳидоят намуданд.

Раиси шаҳр таъкид намуданд, ки шарафёб гардидан ба боварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи заҳматҳои аҳлона ва содиқона дар ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ буда, тағйиротҳои кадрӣ ба хотири беҳбудии кори соҳаҳо амалӣ карда мешаванд.

Аз ин лиҳоз барои беҳтар гардонидани сифатнокии корҳо баҳри ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас таваҷҷуҳи ҳозирин ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳо, тақвият бахшидани  корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон,  пурзӯр намудани корҳои назоратӣ дар самти сохтмонҳои ғайриқонунӣ ва бе иҷозати дахлдор оғоз кардани корҳои сохтмонӣ, назорати дурусти риояи меъёрҳои меъмориву сохтмонӣ дар ҳама гуна сохтмонҳо сарфи назар аз мансубият, иҷроиши босифати нақшаи андоз, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ, муомилаи хуб намудан бо кормандон, назорат ва тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30 солагии истиқлолияти давлатӣ, беҳтар ба роҳ мондани кори низоми билингии хизматрасониҳои коммуналӣ, назорати риояи меъёрҳои беҳдоштӣ дар ҳама гуна нуқтаҳои хизматрасонӣ сарфи назар аз мансубияту тобеият равона гардид.

Раиси шаҳр изҳори итминон намуданд, ки кадрҳои ба мансабҳои давлатӣ таъйингардида, баҳри муҳайё кардани шароити арзанда ба сокинону меҳмонон ва ба яке аз пойтахтҳои муосиру замонавӣ табдил додани шаҳри Душанбе тамоми нерую дониш ва малакаи худро равона сохта, ба халқу давлат содиқона хизмат хоҳанд кард.

Июнь 19, 2020 20:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
«САЙРИ САДА». Бо ҷалби меҳмонону сайёҳони хориҷӣ дар Душанбе хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда шуд
Дар шаҳри Душанбе муҷассамаи майори милитсия Мулло Нуров гузошта мешавад
Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дархост намуданд, ки кори мақомоти шаҳри Душанберо санҷад
«САЙРИ САДА». Барои меҳмонону сайёҳони шаҳри Душанбе хатсайри ройгони сайёҳӣ ташкил карда мешавад