Ба тартиби муваққатии танзими ҳамлу нақли байналмилалӣ аз гузаргоҳҳои cарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот илова гардид
ДУШАНБЕ, 20.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади соддагардонии раванди гузариши воситаҳои нақлиёти боркаш аз гузаргоҳҳои cарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Тартиби муваққатӣ оид ба танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ҷиҳати пешгирии бемории ҳамагири COVID-19 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид шуданд,- хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи тағйироти қабулшуда, дар сурати будани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи натиҷаи манфии тести коронавирус, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор содир шудааст, ба ронандагони воситаҳои нақлиёти хориҷӣ вуруд то нуқтаи таъйинотӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба муҳлати то панҷ шабонарӯз иҷозат дода мешавад.
Ҳамчунин воситаҳои нақлиёти интиқолдиҳандаи борҳои башардӯстона дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунанда аз пардохти хидматрасониҳои терминалӣ озод шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки даҳаи аввали моҳи апрел тартиби муваққатӣ, ҳаракати нақлиёти боркаши байналмилалии автомобилӣ ва ронандагони онҳо то терминалҳои наздисарҳадии фаъолияткунанда ва дар ҳолати мавҷуд набудани чунин терминалҳо то минтақаи назорати гумрукии дидбонгоҳҳои гумрукии сарҳади давлатӣ иҷозат дода шуда ва дар минтақаи мазкур барасмиятдарории гумрукӣ анҷом дода мешуд.
Акс аз бойгонӣ








Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






