Кӯмакҳо ба муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои минтақаи Рашт
ДУШАНБЕ, 08.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии табибон ва беморони мубталои коронавируси COVID-19 дар баробари вазорату идора ва соҳибкорони ватанӣ расонидани кӯмакҳо аз тарафи намояндагиҳои ташкилотҳои хориҷӣ низ идома дорад. Дар ҳамин доира, аз тарафи Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ дар Тоҷикистон ба беморхонаҳои марказии шаҳри Роғун, ноҳияи Файзобод ва навоҳии минтақаи Рашт кӯмаки хайриявӣ расонида шуд. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» менеҷери барномаи ҷонибдори инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони фонди Оғохон дар минтақаи Рашт Моҳиҷаҳон Наимова иттилоъ дод.
Бо мақсади пешгирӣ ва муолиҷаи бемории коронавирус Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ дар Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи «Беҳсозии ҳамҷояи ҳифзулсиҳат ва макони зист» дар минтақаи Рашт бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария ва дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор маводҳои тиббии зарурӣ, аз қабили 1050 адад хилъатҳои муҳофизатӣ, 8050 адад ниқобҳои тиббӣ, 7 ҳазор дастпушакҳои тиббӣ, 3 ҳазору 500 кг хокаи хлор, 700 литр маҳлули спиртии тиббӣ, 14 адад ҳароратсанҷи фосилавӣ, 350 адад ҳароратсанҷи симобӣ, 210 ҷуфт мӯзаҳои резинӣ, 210 адад айнакҳои муҳофизатӣ, 70 адад либосҳои муҳофизатии махсуси тиббӣ, 70 адад дорупошак ва 350 бастаи рахти хоб бо маблағи 614 ҳазор сомонӣ ба муассисаҳои тандурустии ҳафт шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Роғун, ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Сангвор, Рашт, Тоҷикобод, ва Лахш расонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки иқдоми мазкурро кормандони муассисаҳои тиббӣ хуш истиқбол намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Швейтсария барои дастгириашон дар чунин марҳилаи ҳассос изҳори миннатдорӣ намуданд.








Дар Тоҷикистон истеҳсоли равғани растанӣ зиёд гардидааст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад






