Намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ҳамкории густурда ва босамари мамолики минтақаро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 12.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. 11 июн Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода дар вохӯрии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, ки бо ташаббуси Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) дар шакли видео-конфронс ташкил гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ин мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҳамкории густурда ва босамари кишварҳои минтақа, аз ҷумла дар доираи UNRCCA, инчунин самтҳои мубрам ва авлавиятноки талошҳои муштарак, ки барои таҳкими амният ва рушди устувори Осиёи Марказӣ равона шудаанд, табодули назар намуданд.
Дар навбати худ Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода дар ростои паҳншавии бемории ҳамагири COVID-19 ба ширкаткунандагон оид ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти мушаххас ироа карда, бо дарназардошти паёмадҳои бемории мазкур ба ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии давлатҳо ҳамаи ҷонибҳоро ба таҳкими ҳамкориҳо дар ҳама самтҳо даъват намуд.
Акс аз ВКХ ҶТ








Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






