Раҳматулло Хайруллозода директори шабакаи «Телевизиони Тоҷикистон» таъйин гардид

Июнь 16, 2020 11:46

ДУШАНБЕ, 16.06.2020/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   журналисти ҷавон ва боистеъдод Раҳматулло  Хайруллозода директори шабакаи «Телевизиони Тоҷикистон» таъйин гардид.

Раҳматулло Хайруллозода 5 августи сорли 1983 таваллул шудааст. Ӯ дастпарвари шуъбаи муносибатҳои байналхалқии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

Аз соли 2006 инҷониб дар Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Мавсуф солҳои 2006-2010 дар вазифаи муҳаррири хурд, муҳаррир ва мудири шуъбаи мухбирони минтақавии Идораи барномаҳои иттилооти Шабакаи якум,  солҳои 2010-2011 ба ҳайси сармуҳаррири гурӯҳи эҷодии «Фаросӯ», солҳои 2011-2012 дар вазифаи сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ кор кардааст.

Вай як муддат ба ҳайси сармуҳаррири идораи барномаи иттилоотии «Ахбор» низ фаъолият намудааст кардааст.

Қабл аз директори «Телевизиони Тоҷикистон» таъйин шуданаш Раҳматулло  Хайруллозода сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ  буд.

 

Июнь 16, 2020 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид