ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 июн, ҷумъа, 157-умин рӯзи соли 2020 аст

Июнь 5, 2020 08:00

5 июни соли 2012 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва  Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Вэн Ҷябао масоили ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузории ду давлат ба таври муфассал баррасӣ шуданд.

***

7 сол пеш, 5 июни соли 2013 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими оғози сохтмони қисмати туркманистонии роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ба шаҳри Атамуроди Туркманистон сафар карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ»-ро ҷонибдорӣ намуд.

5 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист.

***

Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони хоҷагии об ва мелиоратсия.

***

Дар Дания  иди давлатӣ — Рӯзи Конститутсия.

 РӮЙДОДҲО:

 5 июни соли 2013 доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон баррасӣ гардиданд.

***

5 июни соли 1961 Ҳафтаи адабиёти қирғиз дар Тоҷикистон оғоз гардид.

***

171 сол муқаддам, 5 июни соли 1849 дар Дания парлумони дупалатагӣ таъсис дода шуд.

***

5 июни соли 1940 дар Канада фаъолияти 16 созмон, аз ҷумла, созмонҳои фашистӣ ва коммунистӣ қатъ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1992 миёни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Шоҳигарии Норвегия муносиботи дипломатӣ баста шуданд.

***

5 июни соли 1993 дар Москва Ассамблеяи конститутсионӣ ба фаъолият оғоз намуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1940 дар Америка аввалин чархҳои синтетикӣ-резинӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Июнь 5, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 феврал, якшанбе, 53-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 феврал, шанбе, 52-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, панҷшанбе, 50-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 феврал, чоршанбе, 49-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 феврал, сешанбе, 48-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, душанбе, 47-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 феврал, якшанбе, 46-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, шанбе, 45-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, ҷумъа, 44-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз, 12 феврал, панҷшанбе, 43-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 феврал, чоршанбе, 42-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 феврал, сешанбе, 41-умин рӯзи соли 2026 аст