ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ИМКОН ДОД, КИ СУРУДИ МИЛЛӢ БО ҲАМОВОЗИИ СОЗИ АРҒУНУН САДО ДИҲАД. Чунин меандешад ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Муҳриддин Низомӣ
ДУШАНБЕ, 27.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. 27 июни соли равон дар саросари мамлакат Рӯзи Ваҳдати миллӣ — санаи муборак ва муқаддаси миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз роҷеъ ба мушаххасоти ин санаи таърихӣ, ҳаводиси даҳшатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, нақши фарҳангиёну ҳунармандон дар таҳкими ваҳдат ва ризоияти миллӣ, бо чашми ибрат нигаристан ба гузаштаи талхи таърихи ватанӣ, гиромидошти Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба сифати иди ватанӣ ва умумимиллӣ суҳбатҳои ихтисосӣ анҷом дода мешаванд. Таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Ваҳдати миллӣ бо арҷгузории фаъолияту осори намояндагони баруманди фарҳанги миллӣ ва санаҳои муҳимми таърихӣ аз он ҷиҳат муҳим мебошанд, ки тавассути ин иқдом на танҳо оммаи васеъ, балки аҳли илму эҷод низ амиқтару густардатар ба дарку омӯзиши онҳо фурӯ мераванд. Дар ин бора Муҳриддин НИЗОМӢ, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои филологӣ ба АМИТ «Ховар» изҳори назар намуд.
Ваҳдати миллӣ, — гуфт дар идомаи суҳбат Муҳриддин Низомӣ. — ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик неруву тавони нав бахшида, дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд. Ин рӯйдоди нодири таърихӣ дар дилу зеҳни шаҳрвандони кишвар ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор гардонда, ба онҳо эътимод бахшид, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояи наҷотбахш ба ободкориву созандагӣ машғул шавад ва барои ояндагон як Ватани ободу зебо ва шукуфо ба мерос гузорад. Ин дастоварди нодир ҳоло ба сифати ҷузъи таркибии ҳаёти мардуми мо дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон нақши бузург дошта, моро муваззаф месозад, ки барои ҳифзу гиромидошти он беш аз ҳар вақти дигар саъю талош намоем. Воқеан, Ваҳдати миллӣ на танҳо боиси амнияту суботи минтақа гардид, балки механизмҳои рушди давлатдории миллиро заминагузорӣ кард. Ин аст, ки Ваҳдати миллӣ муҳимтарин ҳодисаи таърихи ватанӣ маҳсуб меёбад.
Дар расидан ба сулҳи саросарӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши марказӣ доштанд. Он кас ҳамчун як роҳбари мардумӣ ва лидери миллӣ сокинони кишварро дар атрофи ғояҳои баланди сулҳу ваҳдат ҷамъ оварда, наҷоти давлат ва миллатро таъмин намуданд. Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувва ва иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳ, баргардондани муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан ва шурӯи музокирот бо мухолифин равона намуданд. Ин иқдоми Эмомалӣ Раҳмон аз ҷиҳати методологӣ дорои аҳаммияти ниҳоят бузург буд, зеро миллатро ба ғолибу мағлуб ҷудо накарданд ва савганд хӯрданд, ки то охирин фирории Тоҷикистонро ба Ватан барнагардонанд, ором нахоҳанд буд. Бо ин изҳороти худ Сарвари давлат аз ибтидо дарҳоро барои музокирот кушоданд ва ин заминаи бисёр муҳим барои дар оянда шурӯъ шудани музокироти байни тоҷикон гардид. Аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон тарҳрезӣ шудани таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон як дастоварди муҳимми таърихи муосири халқи тоҷик арзёбӣ мегардад. Қобили зикр аст, ки дар ин роҳи басо душвор шуҷоату ҷасорати нотакрор доштани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фаросати азими мардумпарваронаашон, ватанпарастӣ ва миллатдӯстиашон боиси он гардид, ки ҷони хешро ба гарав монда, барои таъмини ваҳдат ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистон сафарҳои пурхатар намуда, сулҳу ваҳдатро дар кишвар барқарор намуданд. Таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, ки асосгузори он Эмомалӣ Раҳмон мебошанду имрӯзҳо вирди забони ҷомеаи байналмилалӣ гаштааст, ба ҷаҳониён собит сохт, ки миллати дорои фарҳангу таърихи бузург ҳамеша дар ҳолати душвор ва сарнавиштсози таърихӣ аз ин неъматҳои худодод истифода намуда, худро наҷот медиҳад. Ба қавли Кофи Аннан, собиқ Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид, «Тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар ба армуғон оварданд».
Омӯзиши баъзе буҳронҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки тӯли даҳсолаҳо ҳалли худро намеёбанд, нишон медиҳанд, ки яке аз сабабҳои асосии ба чунин бунбаст расидани онҳо набудани лидерҳои бонуфуз, самимӣ ва ҳақиқатан мардумӣ мебошад. Аз ин рӯ, дар ҳамон давраи барои миллат сарнавиштсоз ба саҳнаи сиёсат омадани Эмомалӣ Раҳмон, дар воқеъ, бахти таърихии тоҷикон буд. Бо тавҷҷуҳ ба ин, омӯзиши илмӣ ва беғаразонаи нақш, таҷриба ва равиши махсуси Эмомалӣ Раҳмон дар расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ на танҳо аҳаммияти дохилӣ, балки аҳаммияти минтақавӣ ва байналмилалӣ низ хоҳад дошт.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон барои дастовардҳои минбаъдаи мардуми мамлакат дар самти плюрализм, мусолиҳаи миллӣ, гуногунандешӣ, ташаккули низоми бисёрандешӣ, ислоҳоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, равандҳои демократӣ ва тақвияти институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Маврид ба зикр аст, ки барои таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, бояд ба ҷавонон сабабҳои сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, оқибатҳои ногувори он, аҳаммияти сулҳу созиш ва ваҳдати миллӣ гаштаву баргашта фаҳмонда шавад, то дар зеҳни онҳо андешаи ваҳдати миллӣ ва садоқат ба ҳадафҳои умумимиллӣ амиқан ҷой гирад. Ин мавзӯъ бояд дар барномаҳои дарсии низоми маорифи кишвар ворид гардад, ба тарбияи кадрҳои солим ва вафодор ба ҳадафҳои умумимиллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир шавад. Таъмини ҷавонон бо ҷойи кори доимӣ низ бояд дар маркази таваҷҷуҳи ниҳодҳои дахлдор қарор бигирад.
Ёдрас мешавем, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат ба ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, бахусус ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, оину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи ахлоқу одоби ҳамида таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Дар ин давра оину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд. Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат қисме аз арзишҳои фарҳангӣ, аз ҷумла Шашмақом ва Наврӯз ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм ба Феҳристи мероси моддии созмони фавқуззикр ворид гардиданд. Соли 2019 мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод гардиданд. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихию фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад.
Зикри як нукта муҳим аст, ки бо иқдоми Сарвари давлат моҳи сентябри соли равон ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии мамлакамон – шаҳри қадимаи Саразм дар сатҳи баланд баргузор карда мешавад. Ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500 — солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи халқи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ созем. Гузашта аз ин, ҳар як тоҷику тоҷикистониро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии халқи худро ҳифз кунад, обод гардонад ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намояд. Зеро тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг ба яке аз проблемаҳои глобалии асри XXI табдил ёфта, талабот нисбат ба сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули наслҳое, ки вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навин дар даврони соҳибистиқлолии миллати тоҷик ба зиммаи онҳо гузошта хоҳад шуд, торафт меафзояд. Дар ин марҳалаи муҳим мақсаду вазифаҳои аҳли фарҳанг бештар ба масъалаҳои ташаккули маънавиёт, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, инчунин, дар тафаккури мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ равона мегардад.
Боиси зикри хос аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» — маркази асосии тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои фарҳанг ва санъати кишвар низ симои худро ба куллӣ тағйир дод. Тайи ин солҳо барои пешбурди пурсамари фаъолияти таълимӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Биноҳои таълимӣ ва толори консертии «Арғунун» таъмир ва таҷдид гардида, донишкада бо асбобҳои мусиқӣ, китобҳои дарсӣ, технологияи компютерӣ, мизу курсӣ ва дигар таҷҳизот таъмин карда шуд. Ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ донишкада бо 26 донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Словакия, Ӯзбекистон, Беларус, Украина, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонда, дар доираи ин шартномаҳо ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ, эҷодиро идома дода истодааст. Донишкада аъзои Ассотсиатсияи донишкадаҳои эҷодии Авруосиё буда, дар ин самт ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва эҷодӣ шурӯъ гардидаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 26 июни соли 2011, дар маросими ифтитоҳи толори нави консертӣ ва сози мусиқии арғунуни донишкада иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр намуда буданд, ки «имрӯз мо — ҳамроҳ бо намояндагони парламент, роҳбарони корпуси дипломатӣ, аҳли зиё, устодон ва шогирдони Донишкадаи давлатии санъат шоҳиди воқеаи гуворою хотирмон, яъне аввалин маротиба садо додани Суруди миллии Тоҷикистон бо ҳамовозии сози арғунун шудем. Ин амр маънои онро дорад, ки минбаъд бо ин сози бузург на танҳо мусиқии классикони ҷаҳонӣ, балки суруду таронаҳои тоҷикӣ низ иҷро мегарданд ва навои рӯҳафзои сози арғунун дар фазои фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол танинандоз хоҳад гардид».
Дар идомаи суханронӣ Пешвои муаззами миллат иброз доштанд, ки «мо фарҳангро пайвандгари маънавии наслҳо ва барқароркунандаи ҳофизаи таърихи халқҳо медонем. Ба ёд орем, Одамушшуаро Рӯдакӣ ҳанӯз беш аз ҳазор сол муқаддам фарҳангро беҳтарин ганҷи дунё дониста буд ва ҳамеша ба он рӯй оварданро талқин менамуд:
Ҳеч ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ.
Ин панди ҷовидона дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон моҳияти худро дубора пайдо карда, насли навро барои омӯхтан ва муаррифӣ кардани фарҳанги миллӣ ҳидоят менамояд. Хусусан, он дар ҷараёни таърихии тарбияи мардум дар рӯҳияи нав – эҳсоси солими хештаншиносӣ ва устувор намудани сатҳи ҳувияти миллӣ, дарки дурусти мақоми миллат дар миқёси ҷаҳонӣ, фарҳангӣ будани ҷомеа нақши бузургро иҷро менамояд».
Воқеан, Тоҷикистони соҳибистиқлол зери парчами ваҳдату ҳамбастагӣ, бунёдкорию созандагии пурсамар дар партави сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи минтақавию байналмилалӣ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт, 26 июни соли 2019, бо ёдоварӣ аз таърихи даврони соҳибистиқлолӣ ва истиқрори сулҳу ваҳдат, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон таъкид доштанд, ки «рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ — 27 июни соли 1997 барои мо, воқеан, оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад». Ба таъкиди Сарвари давлат, «бо гузашти солҳо мо амиқан дарк кардем, ки ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини рушди ҷомеа, шарти асосии пешрафти иқтисод ва иҷтимоиёту фарҳанги мардуми мо ба ҳисоб меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллиро аз ҷумлаи рисолатҳои инсонии худ мешуморем. Имрӯз бисёр зарур аст, ки мо андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун рукни бо эътимоди истиқлолият ба яке аз ғояҳои давлатдории миллӣ табдил диҳем ва онро миёни наврасону ҷавонон ҳамчун шарти асосии бақои амнияти ҷомеа ва пойдории давлат васеъ тарғиб кунем».
Дар остонаи ин рӯзи фархундаву муборак ҳайати профессорону устодон ва кулли кормандону донишҷӯёни МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ва мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, барояшон хушбахтиву сарбаландӣ ва саодати доимии рӯзгорро таманно менамоям. Орзуманди онам, ки хуршеди сулҳу ваҳдат ва муҳаббату бародарӣ бар фарози Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол то абад тобанда бошад.