ЯК СОЛ МУҲЛАТ. Вокуниши Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба муроҷиатномаи саҳмдорони бинои сохтмонаш нотамом дар кӯчаи А. Ғуломов
ДУШАНБЕ, 16.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо таъсис додани комиссияи дахлдор аз ҳисоби муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони сохтору ниҳодҳои марбута муроҷиатномаи саҳмдорони бинои сохтмонаш нотамоми нӯҳошёнаи истиқоматии 54-квартирадор, воқеъ дар кӯчаи Асадулло Ғуломов, маҳаллаи 83-и пойтахтро, ки тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ пахш шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Тавре муайян гардид, сохтмони бинои нотамом ҳанӯз аз соли 2012 оғоз шуда, сохтмончии асосии он — ҶДММ «Союз-сохтмон» бо роҳи қаллобӣ маблағҳои сокинони саҳмгузорро аз худ кардааст ва бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум гардида, ҳоло дар маҳбас қарор дорад.
Масъалаи ҷуброни зарари 67 нафар саҳмгузорон, ки маблағи наздик ба 500 000 (панҷсад ҳазор) доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, тӯли солҳо дар зинаҳои гуногуни судию иҷроиявӣ мавриди баррасӣ қарор дошт ва то ҳол ҳалли пурраи худро наёфта, сокинони мазкур бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин нагардидаанд.
Раиси шаҳр сохторҳои марбутаи шаҳрдориро муваззаф намуданд, ки бо саҳмгузорон вохӯриву суҳбат анҷом дода, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои хонасозии ватанӣ сохтмони бинои мазкурро дар муҳлати 1 (як) сол ба итмом расонанд, то ки саҳмдорон бо манзилҳои ободи дорои шароити лозимаи ҷавобгӯ ба талаботу меъёрҳои замонавӣ таъмин карда шаванд.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






