Шурӯъ аз моҳи сентябр дар Тоҷикистон маош, нафақа ва стипендия зиёд мегарданд

Июль 29, 2020 14:34

ДУШАНБЕ, 29.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста аз таъсири  пандемияи  бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат шурӯъ  аз 1 сентябри соли равон  дар Тоҷикистон музди меҳнат,  нафақа ва стипендия зиёд карда мешавад.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Файзиддин Қаҳҳорзода имрӯз дар нишасти хабарӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ гуфт, ки маблағҳо барои  зиёд намудани  музди меҳнат, нафақа ва стипендия дар ҷумҳурӣ дар нақшаи буҷети давлатӣ барои соли 2020  пешбинӣ гардидаанд.

Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат дастгирии молиявии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва оилаҳои камбизоат Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ моҳи декабри соли  2019 пешниҳод намуда буданд, ки нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18 — сола, инчунин дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ доранд, аз 1 сентябри соли 2020 50 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он ба нафақаи нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» муқаррар гардидааст, баробар карда шавад. Тадбири мазкур имкон медиҳад, ки вазъи иҷтимоии қариб 30 ҳазор нафар нафақагир беҳтар гардад.

Инчунин аз 1 сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 15 фоиз зиёд гардида, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз ва музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад.

Июль 29, 2020 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад