Дар Бадахшон ба муносибати 29-солагии Истиқлолияти давлатӣ 45 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад

Июль 8, 2020 15:40

ДУШАНБЕ, 08.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 45 иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла, дар маркази вилоят бинои театри вилоятӣ, як қисмати бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 ба номи Сайфулло Абдуллоев, коргоҳи дӯзандагӣ дар ҳудуди бозори «20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон», иншооти варзишӣ дар маҳаллаи Тирчид ва ғайраҳо мавриди истифода қарор мегиранд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар қаламрави вилоят бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ корҳои омодагӣ босуръат идома дошта, дар баробари ба истифода додани иншооти сохтмонаш анҷомёфта,  санги асоси пули мошингард дар маҳаллаи Селхозтехникаи шаҳри Хоруғ, ки  дарозии он бо эстакада 200 метрро ташкил медиҳад, гузошта мешавад.

Ин сеюмин пули мошингузар аст, ки ду соҳили дарёи Ғундро дар ҳудуди шаҳр ба ҳам мепайвандад ва мушкилоти тамбашавии нақлиётро дар маркази шаҳри Хоруғ аз миён мебардорад.

Боиси хушҳолист, ки Бадахшон рӯз то рӯз симояшро дигар карда, ба як гӯшаи зебову дилкушои Тоҷикистон табдил меёбад.

Июль 8, 2020 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд