Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд

Ноябрь 2, 2026 12:35

ДУШАНБЕ, 02.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар хиёбони Сомонии шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкорӣ Роҳи Абрешимро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мазбут Бойҷонов  дар доираи  тадбирҳои  ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 4 ҳазору 284 метри мураббаъ бунёд гардидааст.

Ёдовар бояд шуд,ки 25- уми июни соли 2018 зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд  дар шаҳри Истаравшан  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ин бинои маҷмааи миллии соҳибкорӣ, ки бо номи Роҳи Абрешим имрӯз ифтитоҳ ёфт, санги асос гузошта буданд.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 500  сокини маҳаллӣ ба кори муваққатӣ таъмин гардиданд.

Иншоот аз 18 ошёна ва инфрасохтори зарурӣ иборат буда, дар қабатҳои якуму дуюм  маркази савдои Ширин бо 120 ҷойи корӣ ва мағозаҳои брендӣ ва армуғонӣ бо 60 ҷойи кори ташкил карда шудааст. Инчунин қаҳвахона бо 60 ҷой дар ошёнаи якум пешбинӣ шудааст.

Маҷмаа, ҳамчунин, дорои  толори машқу тамрин, маркази солимгардонӣ, ҳавзи шиноварӣ, ҳаммом, тарабхона, меҳмонхона, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматӣ мебошад.

Дар иншоот 6  лифт, аз ҷумла 2  лифти панорамавӣ ва 6 эскалатор насб гардидааст. Дар маҷмуъ баъди ба истифода додани маҷмааи миллии соҳибкории Роҳи Абрешим зиёда аз 250 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Дар саҳни иншоот  гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ шинонда шуда, фаввораҳо бунёд ёфтаанд ва ҳамаи ин ба симои шаҳр ҳусни тоза зам намудааст. Барои фароғати меҳмонон ва бошандагон  нишастгоҳҳо, майдончаҳои бозии кӯдакона низ пешбинӣ шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумат кишвар ба соҳибкорони ватанӣ миннатдорӣ баён намуда, онҳоро ба идомаи  бунёдкорӣ баҳри  пешрафту  тараққиёти  Ватан ҳидоят намуданд.

Ҳамчунин, дар гушаи дигар намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил шуда буд, ки бозгӯ аз таърихи пурғановати миллати  кӯҳанбунёди тоҷик ва маҳсули ҳунармандони шаҳри Истаравшан мебошанд.

Ифтитоҳи бинои маҷмааи миллии соҳибкории Роҳи Абрешим дар шаҳри Истаравшан 02.11.2026

Ноябрь 2, 2026 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд