Дар Душанбе ҷаласаи сайёр бо мақсади пешгирӣ аз COVID-19 баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 03.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси шаҳр Мавсума Муинӣ, муовини сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Ҳотамҷон Дадабойзода, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва намояндгони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута дар боғи ба номи С. Айнӣ ҷаласаи сайёри гурӯҳи корӣ оид ба тақвияти корҳои таблиғотӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии COVID-19 доир гардид. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Сироҷиддин Шукуров ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Зимни мулоқот аз фаъолияти кории гурӯҳҳо натиҷагирӣ гардида, вобаста ба идомаи тадбирҳо дар ин самт дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Сипас гурӯҳҳои корӣ фаъолияти худро дар маконҳои муайянгардида бо ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тақсимоти ниқобҳои муҳофизатии тиббии ройгон ба роҳ монданд.
Мавриди зикр аст, ки кормандони милитсияи пойтахт низ ба ҳайати гурӯҳҳои корӣ шомил буда, ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва тарғибу ташвиқи василаҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба ин бемории ҳамагир кору амалиётҳои профилактикиро дар байни сокинону меҳмонони пойтахт фаъолона ба роҳ мондаанд. Метавон гуфт, ки танҳо ҳамаи мо шаҳрвандон дар ҳамбастагӣ метавонем ба ҳар мушкилоте аз ҷумла ин бемории сироятӣ ғолиб омада, саломатии худ ва аҳли хонадони худро нигоҳ дорем.









«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






