Дар Душанбе намояндагии Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (MDIS) ифтитоҳ мегардад

Июль 2, 2020 15:45

ДУШАНБЕ, 02.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. 1 июл Санади ҳамкорӣ — Ёддошти тафоҳум оид ба ифтитоҳи Намояндагии Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (MDIS) дар шаҳри Душанбе ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ифтитоҳи филиали Донишкадаи мазкур дар пойтахт тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми наҷибонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад.

Маврид ба зикр аст, ки дар марҳилаи аввал дар филиали Донишкада таълим аз рӯи се ихтисос — мудирияти саноат (менеҷменти индустриалӣ), туризм ва меҳмондорӣ, технология ва амнияти иттилоотӣ (ҳифз аз ҳуҷуми кибернетикӣ дар самти идоракунии давлатӣ, низоми бонкӣ), ки бевосита аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки он бармеояд, ба роҳ монда мешавад.

Минбаъд, дар сурати ба миён омадани зарурат ва ниёзмандиҳои   дигар, ихтисосҳои нави таълимӣ  таъсис дода мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (Management development Institute of Singapore – MDIS) соли 1956  таьсис ёфта, тӯли беш аз 60 соли фаъолият намояндагиҳои худро дар аксар давлатҳои ҷаҳон таьсис додаааст ва яке аз аввалин муассисаҳои олии кишвар маҳсуб меёбад.

Шарикони Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (Management development Institute of Singapore – MDIS) муассисаҳои олии таълимии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон,  амсоли  Франсия, Британияи  Кабир, Австралия ва  Штатҳои  Муттаҳидаи Америка буда, хатмкунандагони он бо дипломи дараҷаи байналмилалӣ, ки аз ҷониби  шӯроҳои илмии мактабҳои олии сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст, сарфароз гардонида мешаванд.

Айни замон дар Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (Management development Institute of Singapore – MDIS) беш аз 15 000 муҳассилин аз рӯи 26 —  ихтисос таълим мегиранд, ки аз ин шумора беш аз 4000 нафарашон  намояндагони  62 давлати ҷаҳон мебошанд.

Ҷараёни  тадрис дар асоси барномаҳои таълимии Донишгоҳҳои Синдерланд ва Бангори Британия Кабир, ки мутобиқ ба сифати стандарти байналмилалӣ эътироф гардидаанд, ба забони англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳайати устодону омӯзгорони таълимгоҳ низ аз ҳисоби кадрҳои баландихтисоси Сингапур, донишгоҳҳои Синдерланд, Бангор ва Станфорди Британияи Кабир ва дигар мутахассисони варзидаи марказҳои муосири илмомӯзии ҷаҳон пурра гардида, дар раванди таълим усулҳои ҳозиразамон ва муштараки таҳсил фаъолона истифода бурда мешаванд.

Барои дохил шудан ба Донишкада курсҳои 6-моҳа ва 10-моҳаи омӯзиши забони англисӣ амал мекунанд.

Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур имрӯзҳо дар Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Малайзия, Чин ва ғайра кампусҳои таълимии худро бунёд намуда, тасмим гирифтааст, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар риштаҳои менеҷменти саноатӣ, сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва технологияи иттилоотӣ кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯи талаботи замони муосирро омода намояд.

 

Июль 2, 2020 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид