Дар Кӯшониён ҳар як оила 300 банка консерва захира намудааст
ДУШАНБЕ, 27.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон айни замон намудҳои гуногуни сабзавот, аз ҷумла картошка, сабзӣ, шалғам, карам, маҳсулоти донагӣ: лӯбиё, мош, биринҷ, нахуд ва орду равған фаровон захира гардида, ҳар оила зиёда аз 300 банка консерва маҳкам кардааст. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар робита ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чанде пеш ба ноҳияҳои Ҳисору Рӯдакӣ сафар дошта, аз хоҷагиҳои деҳқонӣ боздид намуданд ва ба кишоварзон маслиҳат доданд, ки аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода бурда, барои ду сол маҳсулот захира намоянд, сокинон ба масъалаи истифодаи оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва омодагӣ ба давраи зимистон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, аз меваю сабзавот шарбату хӯришҳо омода намуда истодаанд.
Давраи тобистону тирамоҳ барои ҳар кадбону мавсими ҷамъу бастабандӣ, хушконидани меваю сабзавот ва дигар зироати кишоварзӣ мебошад. Кадбонуи беҳтарин дар баробари пухту паз бояд ҳунару малакаи мевахушккунӣ ва бастабандии нӯшобаву мураббо ва хӯришҳоро дошта бошад.
Мутахассисон маслиҳат медиҳанд: ҳар бонуе, ки мехоҳад дар шароити хона консерва тайёр намояд, бояд пеш аз ҳама, ба тозагӣ ва бехатарии ғизо аҳамият диҳад. Интихоб ва коркарди дурусти маҳсулоти тоза, дар дараҷаи муайян пухтани он, ба таври зарурӣ шустани асбобу зарфҳои корӣ имконият медиҳад, то маҳсулоти омоданамуда ба саломатии инсон зарар наоварад.










Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






