Дар Конибодом коргоҳи нави дӯзандагӣ таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 29.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Конибодом коргоҳи нави дӯзандагӣ ба истифода дода шуд. Коргоҳи мазкур аз тарафи соҳибкор Наим Насибов дар маркази шаҳри Конибодом сохта шуда, дар он 30 нафар коргар бо ҷойи корӣ таъмин шуданд. Коргоҳ бо муассисаҳои таълимии шаҳр шартнома баста, барои хонандагон либосҳои мактабӣ истеҳсол менамояд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом дар маросими ба истифодадиҳии коргоҳи дӯзандагӣ иштирок намуда, барои васеъ намудани доираи фаъолият ва ба роҳ мондани истеҳсоли либосҳои гуногун тавсияҳо дод.
Ҳоло дар мактабҳои шаҳри Конибодом беш аз 34 ҳазор нафар хонандагон таҳсил намуда, талабот барои хариди маҳсулоти дӯзандагӣ зиёд аст. Аз ин рӯ муассисони корхонаро зарур аст, ки барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва ба роҳ мондани либосҳои мактабӣ тадбирҳои муҳим андешанд.








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






