Дар Конибодом коргоҳи нави дӯзандагӣ таъсис ёфт

Июль 29, 2020 14:40

ДУШАНБЕ, 29.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Конибодом  коргоҳи   нави дӯзандагӣ ба истифода дода шуд. Коргоҳи   мазкур  аз тарафи соҳибкор Наим Насибов дар маркази шаҳри Конибодом  сохта шуда, дар он 30 нафар коргар бо  ҷойи корӣ таъмин шуданд. Коргоҳ   бо муассисаҳои таълимии шаҳр  шартнома баста, барои хонандагон либосҳои мактабӣ истеҳсол менамояд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом  дар маросими ба истифодадиҳии коргоҳи дӯзандагӣ иштирок намуда, барои васеъ намудани доираи фаъолият ва ба роҳ мондани истеҳсоли либосҳои гуногун тавсияҳо дод.

Ҳоло дар мактабҳои шаҳри Конибодом беш аз 34 ҳазор нафар хонандагон таҳсил намуда, талабот барои хариди маҳсулоти дӯзандагӣ зиёд аст. Аз ин рӯ муассисони корхонаро зарур аст, ки барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва ба роҳ мондани либосҳои мактабӣ тадбирҳои муҳим  андешанд.

Июль 29, 2020 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем