ДАРАХТ БИНШОН! Ниҳол ва гулу буттаҳои ороишии нодири «Пайванд» Душанберо сабзу хуррам мегардонанд

Июль 28, 2020 15:44

ДУШАНБЕ, 28.07.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  ҷумҳурӣ  боғҳои кӯҳна аз нав  барқарор гардида, дар масоҳати ҳазорҳо гектар боғҳои нав бунёд карда мешаванд.  Тибқи иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  танҳо дар  шаш моҳи соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба миқдори 1910814 бех  дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шудаанд. Аз ин теъдод  653604 бехро дарахтони  сояафкан, 406880 ададро ниҳолони  ҳамешасабзу ороишӣ ва 850330 бехро  дарахтони мевадиҳанда ташкил медиҳанд.

Дар ин давра корҳои бунёду барқароркунии ҷангал дар майдони 1471,4 гектар  роҳандозӣ гардиданд, ки 85,7 фоизи нақшаи солонаро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 136,6 гектар зиёд мебошад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» ин мавзӯъро шарҳ медиҳад.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Пайванд»

Бояд тазаккур дод, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пайванд»   бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои  шаҳри Душанбе  таъсис дода шуд, ки  фаъолияти он  асосан ба парвариши қаламча, ниҳол ва гулу буттаҳои ороишии нодир  равона гардидааст.

Дар корхонаи мазкур  дар масоҳати қариб 5 гектар, аз  ҷумла дар 4 гармхона ва замини боқимонда беш аз 50 намуд қаламчаи ниҳол, дарахтони гуногуни мевадиҳандаю сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ парвариш ёфта,  25 нафар кормандон  ба  нигоҳубини онҳо  машғуланд. Дар ин ҷо  бештар дарахтони гелос, каштан, дуб, махония, пихта конкалор, кипарис, магнолияи баргрез ва 3 намуди дигари ин дарахт, секвоя, можевелник, туя, сосна, береза, клен, принус, амиландр, сирени ҳиндӣ, зелол, саликс хакуро, лекадамбр, османтус, тис, каталпа, абиесс нордман, воодбриҷ, тсерсис ва гулу буттаҳои ороишӣ парвариш меёбанд.

Тибқи  иттилои мутахассисон, иқлими кишвари мо субтропикӣ ва зудтағйирёбанда мебошад, аз ин рӯ дар заминҳои ин қитъа ниҳоли дарахтони гуногуни ба иқлими ҷумҳурӣ мутобиқ аз Италия, Белгия ва Ҳолланд ворид карда мешаванд. Барои иҷрои корҳои ободонӣ ва боз ҳам зебову дилнишин гардонидани Муассисаи давлатии «Боғи парчами миллӣ», «Боғи муҷассамаи нишони давлатӣ», Муассисаи давлатии илмии марказии «Боғи Ирам», Муассисаи давлатии «Боғи ба номи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ», боғҳои Хайём, «Наврӯзгоҳ», «Ҷавонон», «Фирдавсӣ», кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳо аз ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзи  ин корхона  истифода мебаранд.

Мағозаи фурӯши гулу буттаҳои ороишии  «Пайванд»

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2017  ба фаъолияти мағозаи «Пайванд» оғоз бахшиданд.

Мағозаи зебову барҳавои фурӯши гулу буттаҳои ороишӣ бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди корҳои ободонию сабзазоркунӣ аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пайванд» сохта шудааст.

Ҳадафи Президенти мамлакат аз ифтитоҳи ин мағоза фароҳам овардани шароит ба нафарони дорои завқи баланди зебоипарастӣ мебошад.

Мутахассисон дар баробари фурӯши ниҳолҳо ва буттаҳои ороишӣ, инчунин имкон доранд барои парвариши ниҳолҳои ороишӣ ба дӯстдорони ин соҳа маслиҳатҳои муфид диҳанд.

Нигоҳубини боғи «Куруши Кабир» ба уҳдаи    «Пайванд»  вогузор шудааст

Хотиррасон  мешавем, ки 7 июни соли 2019 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Боғи «Куруши Кабир»-ро ифтитоҳ карданд.

Масоҳати боғи «Куруши Кабир» қариб 5 гектарро ташкил медиҳад ва нигоҳубини он ба уҳдаи коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пайванд” вогузор шудааст. Барои ободу зебо кардани ҳудуди боғ дар ин ҷо 550 ҳазор дона гули лола ва дарахтони ороишӣ шинонида шудаанд.

Дар рӯзи ба истифода додани боғ дар ин ҷо 5700 адад дарахтону буттаҳои ҳамешасабзи кипарис, магнолия, фотиния, самшит, пихта, туя ва ғайра -зиёда аз 40 намуд аз давлатҳои Аврупо, аз ҷумла Италия, Испания, Франсия, Германия ва Ҳолланд ворид карда шуд.

Боғи интенсивии  «Пайванд-Рашт»

Ёдовар мешавем, ки  аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пайванд» ба хотири рушди соҳаи боғдорӣ ва ниҳолпарварӣ дар ноҳияи Рашт  боғи интенсивии «Пайванд-Рашт» бунёд гардидааст.

Боғи интенсивӣ дар масоҳати 6 гектар бунёд шуда, дар он навъҳои беҳтарини себу нок парвариш меёбанд, ки ба содирот нигаронида шудаанд.

Ташкили боғҳои нав агар аз як ҷиҳат омили таъсиси ҷойҳои корию беҳдошти сатҳи зиндагии мардум бошад, аз тарафи дигар истеҳсолу содироти меваҷоти гуногун  ва хушкмеваҳо ба хориҷи мамлакат афзоиш меёбад.

«Боғи миллии Тоҷикистон» —  макони дигари ниҳолпарварӣ дар пойтахт  

Масоҳати умумии заминҳои боғи мазкур  қариб 95 гектарро ташкил медиҳад. Дар майдони 63 гектар боғи мевадиҳандаи дарахтони себ, ангур, бодом, анҷир, нок, гелос, олу, шафтолу, хурмо, биҳӣ, чормағз, зардолу ва писта мавҷуд аст, ки нашъунамои хуб доранд. Аз дарахтони мевадиҳанда ҳосили аксари онҳо ба хориҷи кишвар содирот мегарданд. Дар масоҳати қариб 10 гектар ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ парвариш карда мешаванд.

Дар “Боғи миллии Тоҷикистон” шумораи дарахтони мевадиҳанда беш аз 17 ҳазор, теъдоди умумии 30 намуд дарахтони сояафкану ороишӣ ва ҳамешасабз беш аз 65 ҳазор бехро ташкил медиҳанд. Инчунин дар ин ҷо барои ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ кардан 8 намуди дарахтон, ки шумораашон 355 бехро ташкил медиҳад, мавҷуд аст ва онҳо нашъунамои хуб доранд.

Дар Боғи миллӣ кормандон аз тухм ва қаламча ниҳолҳои дарахтони гуногунро парвариш кардаанд, аз ҷумла сосна, маржевика, кипариси аризонӣ, туя, сафора, липа, каштан, магнолияи ҳамешасабз, магнолияи баргпарто, инчунин гулҳо, аз қабили гули садбарг, соквойа, зирк, легустра, брисклет, фарзетсия, туяи тиллоранг ва шамшод.

Дар муассисаи мазкур ҳамчунин ба хотири таъмини дигар хоҷагиҳои боғпарварӣ парвариши қаламчаи дарахтон ва гулу буттаҳои ороишӣ ба роҳ монда шудааст.

Дарахтони нодири ороишӣ аз хориҷ ворид карда шуда, дар ин ҷо минтақабоб карда мешаванд.

Дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Тоҷикистон” беш аз 100 нафар ба таври доимӣ фаъолият мекунанд ва дар вақти ҷамъоварии ҳосили дарахтони боғ инчунин даҳҳо нафар коргарони мавсимӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.

Ҳамаи ниҳолҳои ороишию сояафкан ва гулу буттаҳои нодири ороишӣ ва хушбӯи дар Боғи миллӣ парваришшуда барои зебо кардани боғҳои пойтахт ва ташкили боғҳои нав дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе нигаронида шудаанд.

Беш аз  ҳазор адад ниҳолҳои дарахтони бодом дар  Боғи «Наврӯзгоҳ»-и Душанбе

Хотиррасон менамоем, ки  21 январи соли 2018  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишии кипарис, сарви лейландӣ ва секвоя шинонида, ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва вусъати корҳои ободонию сабзазоркунӣ  дар пойтахт ҳусни оғоз бахшиданд. Дар ин рӯз  дар баробари дарахтони ороишӣ дар маъракаи ниҳолшинонӣ беш аз ҳазор адад ниҳолҳои дарахтони бодом  шинонида шуд.

Дарахтони мевадиҳандаи бодом дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи миллии Тоҷикистон ва Хоҷагии деҳқонии «Асадулло»-и ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дастрас гардиданд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Июль 28, 2020 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар Мастчоҳ беш аз 4000 бех ниҳоли ороишиву ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Лахш 1200 бех ниҳоли мевадиҳанда ва ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати шоҳроҳи Ваҳдат-Норак беш аз 1500 бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Хуросон тадбирҳои ниҳолшинонӣ анҷом дода шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Имсол дар ноҳияи Шуғнон 3 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадор мешинонанд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд 150 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 150 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешаванд
ТАТБИҚИ БАРНОМАИ «МАМЛАКАТИ САБЗ». Дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат 1500 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ дар канори шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат дарахтони ҳамешасабз шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ беш аз 2000 бех дарахти сӯзанбарги ороишӣ шинонида шуд
«ШАҲРИ МАН – ХОНАИ МАН». Дар Душанбе беш аз 200 арчаи ҳамешасабз шинонида шуд
НАМУНАИ ИБРАТ! Дар замини назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун 8 ҳазор қаламчаи гули садбарг шинонида шуда, боғи зардолу ва шафтолу бунёд гардидааст