ФУТБОЛ. Бозиҳои даври дуюми лигаи футболи бонувони Тоҷикистон оғоз шуданд
ДУШАНБЕ, 03.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз танаффуси 72-рӯза, бо сабаби пандемияи COVID-19, Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон бо иштироки 10 даста дубора шуруъ шуд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Қобили зикр аст, ки 2 июли соли равон бозиҳои даври дуюми лигаи бонувони Тоҷикистон оид ба футбол баргузор шуданд, ки дар се бозӣ ҳисоби калон ба қайд гирифта шуд. Довталабони медалҳои тилло – «Хатлон»-и Бохтар ва «Зебонисо»-и Душанбе дар бозиҳои хонагӣ мутаносибан бар дастаҳои «Барқ» бо ҳисоби 8:0 ва «Бешкент» бо натиҷаи 3:1 ғалаба карданд.
Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон. 2-юм давр
«Хатлон» – «Барқ» – 8:0
Голҳо: Шукрона Азимзода, 23 (1:0). Лайло Ҳалимова, 35 (2:0). Лайло Ҳалимова, 44 (3:0). Лайло Ҳалимова, 56 (4:0). Лайло Ҳалимова, 71 (5:0). Шукрона Хоҷаева, 77 (6:0). Шукрона Азимзода, 80 (7:0). Муҳайминаи Гулаҳмад, 86 (8:0).
«Зебо» – «Равшан» – 8:0
Голҳо: Манзура Ҳазратқулова, 16 (1:0). Мулкия Рустамзода, 23 (2:0). Саҳина Саидова, 35 (3:0). Меҳрангез Шарипова, 47 (4:0). Меҳрангез Шарипова, 48 (5:0). Мавзуна Сафарова, 61 (6:0). Мулкия Рустамзода, 72 (7:0). Лайло Кучкинова, 80 (8:0).
«Чашма» – «Регар-ТадАЗ» – 0:11
Голҳо: Зулайхо Сафарова, 11 (0:1). Зулайхо Сафарова, 18 (0:2). Ҷонона Ҳалимова, 23 (0:3). Наргиза Бобоева, 24 (0:4). Зулайхо Сафарова, 26 (0:5). Зулайхо Сафарова, 39 (0:6). Муниса Мирзоева, 50 (0:7). Муниса Мирзоева, 52 (0:8). Мавзуна Ғафурова, 54 (0:9). Зуҳро Баҳодурова, 75 (0:10). Ҷонона Мирзоева, 79 (0:11).
«Ҳосилот» – «Панҷшер» – 1:1
Голҳо: Ҷамила Раҳматова, 12 (0:1). Лола Вализода, 43 (1:1).
«Зебонисо» – «Бешкент» – 3:1
Голҳо: Мадина Давлатова, 26 (1:0). Рафина Нормуратова, 38 (1:1). Нисо Абдуллоева, 44 – аз пеналтӣ (2:1). Таманно Буриева, 62 (3:1).
| ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | |
| 1 | «Хатлон» (Бохтар) | 2 | 2 | 0 | 0 | 9-0 | 6 |
| 2 | «Зебо» (Дӯстӣ) | 2 | 2 | 0 | 0 | 9-0 | 6 |
| 3 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 2 | 1 | 0 | 1 | 11-1 | 3 |
| 4 | «Зебонисо» (Душанбе) | 2 | 1 | 0 | 1 | 3-2 | 3 |
| 5 | «Бешкент» (Носири Хусрав) | 2 | 1 | 0 | 1 | 3-3 | 3 |
| 6 | «Чашма» (Шаҳритус) | 2 | 1 | 0 | 1 | 6-12 | 3 |
| 7 | «Барқ» (Норак) | 2 | 1 | 0 | 1 | 1-8 | 3 |
| 8 | «Ҳосилот» (Фархор) | 2 | 0 | 1 | 1 | 1-3 | 1 |
| 9 | «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) | 2 | 0 | 1 | 1 | 2-7 | 1 |
| 10 | «Равшан» (Кӯлоб) | 2 | 0 | 0 | 2 | 0-9 | 0 |
Дар 3-юм давр вомехуранд:
5 июл (якшанбе)
«Бешкент» – «Хатлон»
«Панҷшер» – «Зебонисо»
«Регар-ТадАЗ» – «Ҳосилот»
«Равшан» – «Чашма»
«Барқ» – «Зебо»
АКС аз ФФТ








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард






