Маҳмадсаид Зувайдзода: «Зиёда аз 200 бинову иншооти дигари Душанбе ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст карда мешаванд»
ДУШАНБЕ, 24.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 бо мақсади таъмин намудани аҳолии шаҳри Душанбе бо неруи барқ ва гармӣ дар шабакаҳои пойтахт зиёд кардани истеҳсоли гармӣ ва расонидани иқтидори он то 500 Гкал/соат ба нақша гирифта шудааст. Зиёда аз 200 иншооти дигари иҷтимоию иқтисодии шаҳр ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст карда мешаванд, ки бо ин амал дар пойтахт шумораи умумии иншооти бо гармӣ таъмин ба 2511 адад мерасад. Дар ин бора муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.
Маҳмадсаид Зувайдзода ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи аввали соли 2020 дар шаҳри Душанбе боз 32 адад истгоҳи замонавии нақлиётии мусофирбар сохта шуда, таъмиру навсозии роҳу пулҳо дар 8 иншоот бо дарозии 19,0 километр, дар 2 иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 3,1 километр ва дар 1 адад иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ бо дарозии 3,3 километр ба анҷом расиданд.
Дар нишаст таъкид гардид, ки дар пойтахт дар ин давра бо мақсади зиёд намудани навъи дарахтони нодир ба миқдори 6444 бех дарахтони ороишию сояафкан ва буттагӣ аз хориҷи мамлакат ворид гардида, дар мавзеъҳои муқарраргардида шинонида шуданд. Дар мавсими ниҳолшинонӣ дар кӯчаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангӣ — фароғатӣ, шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаю ташкилот ба миқдори 122,9 ҳазор бех дарахту буттаҳо, 11,4 миллион бех гулҳои мавсимии бисёрсола ва дар 257,3 ҳазор метри мураббаъ майса корида шуд.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






