НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон истеҳсоли иловаҳои фаъоли биологии «Камолид», «Камолин», «Мукофер», «Седармон» ба роҳ монда мешавад

Июль 27, 2020 08:35

ДУШАНБЕ, 27.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ояндаи наздик дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли  иловаҳои фаъоли биологии «Камолид», «Камолин», «Мукофер», «Седармон», марҳамҳои «Проктоферуол», «Херболит» ва «Ҳербитол» ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Бино ба маълумоти номбурда, ҳоло олимони Академияи миллии илмҳо дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология» ин иловаҳои фаъоли биологиро таҳия намудаанд, ки ба роҳ мондани истеҳсоли онҳо дар саноати дорусозии ватанӣ метавонад ҳамчун маводи воридотивазкунанда ҷои баъзе иловаҳои фаъоли биологиро, ки аз хориҷи мамлакат ворид карда мешаванд, иваз намоянд. Ҳамчунин аз растании явшон (ҷорубак) маводи фаъоли биологӣ дар шакли маҳлул ва қиём тайёр карда шудааст. Ин маҳлул хусусияти зиддибактериявӣ ва зиддивирусӣ дорад.

Дар нишаст зикр гардид, ки олимони Академияи миллии илмҳо тӯли солҳои охир оид ба омӯзиши гиёҳҳои шифобахш як силсила корҳо анҷом дода, Атласи гиёҳҳои шифобахши Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва ба чоп омода намудаанд. Дар Атлас оид ба хосиятҳои фармакологӣ ва имкониятҳои дар саноати дорусозӣ истифода кардани 200 намуди гиёҳҳо маълумот гирд оварда шудааст. Олимони Академияи миллии илмҳо дар натиҷаи омӯзиши хосиятҳои шифобахшии растании камоли тоҷикон собит намуданд, ки шира ва решаи ин растаниро ҳамчун маводи фаъоли биологӣ барои қавӣ гардонидани масунияти бадан истифода бурдан мумкин аст.

Ихтирои дигари олимони Академияи миллии илмҳо дар ин давра дастгоҳи худсози нафаскашии сунъӣ мебошад. Ин дастгоҳ дар асоси тарҳи электронии таҳиянамудаи олимони соҳаи физика сохта шуда, дар беморхонаи клиникии шаҳрии «Ёрии таъҷилӣ» аз озмоиш гузашт. Ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии ин дастгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастгоҳи тиббии воридотивазкунанда имконпазир аст.

Дастоварди дигари олимони тоҷик дар ин давра шурӯъ кардан ба истеҳсоли маводи гипохлориди натрий мебошад, ки дар ҳама давлатҳои дунё ҳамчун маводи маъмули антисептикӣ барои безараргардонии вирусҳо васеъ истифода бурда мешавад. Илова бар ин дар шашмоҳаи аввали соли равон бо усули электролиз истеҳсоли оби нуқра ба роҳ монда шуд.

Бояд зикр намуд, ки нанозарраҳои нуқра хусусияти зиддимикробӣ дошта, маводи хеле самараноки безараркунандаи вирусҳо ба шумор мераванд. Таъсири безараргардонии онҳо ба зиёда аз 650 намуди бактерияҳо исбот гардидааст. Илова ба ин, ионҳои нуқра масунияти организмро баланд ва хавфи сироят ёфтан аз бемориҳои сирояткунандаро маҳдуд мегардонад ва айни замон аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон истеҳсоли оби нуқра ба сифати маводи зиддивирусӣ барои истифода бурдан дар ниқобҳои муҳофизатӣ пешниҳод карда мешавад.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар маҷмӯъ дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии худро тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, неруи илмиро барои тараққӣ додани таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ оид ба самтҳои афзалиятноки илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-тадқиқотии академӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, амалӣ намудани сиёсати илмию техникӣ, таҳлили рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи тавсияҳои дахлдор, омӯзиши дастовардҳои илм ва технологияи ҷаҳонӣ, мусоидат ба истифодаи ин дастовардҳо дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян кардану дастгирӣ намудани муҳаққиқони ҷавони лаёқатманд, мусоидат ба рушди эҷодии олимони ҷавон, тарбияи кадрҳои илмии тахассуси олӣ равона кард ва  дар ин муддат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Дар шаш моҳи соли 2020 олимони Академияи миллии илмҳо таҳқиқотро аз рӯйи 98 мавзӯъ, аз ҷумла  57 мавзӯи илмию таҳқиқотии бунёдӣ, 23 мавзӯи илмию таҳқиқотии амалӣ ва 18 мавзӯи илмию таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.

Июль 27, 2020 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон дар Улан-Батор Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд
Дар ноҳияи Нуробод намоиши сайёри «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Созмони ҳамкории Шанхай соҳиби ҷоиза шуд
Имрӯз Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги шаҳри Левакант дар фазои идона баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Хуҷанд дастовардҳои шаҳр муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Темурмалик доир гардид
«МӮҚАЛАМЕ, КИ ТАЪРИХРО ТАҶАССУМ НАМУДААСТ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Ашур Ҳайдаров ифтитоҳ ёфт
Дар пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд, Левакант ва ноҳияи Темурмалик доир мегардад
Дар Рӯзи фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод гардиданд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Зафаробод баргузор шуд
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Кӯлоб аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумии сокинон муаррифӣ гардид