Нурсултон Назарбоев 80-сола шуд
ДУШАНБЕ, 06.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 6 июли соли 2020, Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 80-сола шуд, хабар медиҳад АБИ «Казинформ».
Назарбоев Нурсултон Абишевич – Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Қазоқистон, Раиси Ассамблеяи халқи Қазоқистон, раиси ҳизби «Нур Отан» — 6 июли соли 1940 таваллуд шудааст.
Ӯ зодаи деҳаи Чемолгани ноҳияи Каскелени вилояти Алмаато буда, омӯзишгоҳи техникии Днепродзержинск, Муассисаи таҳсилоти олии техникии комбинати металлургии Караганда, Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ-ро хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1960 ба ҳайси коргари раёсати сохтмони трести «Казметаллургстрой»-и шаҳри Темиртауи вилояти Караганда оғоз кардааст. Баъдан ӯ дар корхонаи металлургии Караганда фаъолият намудааст.
Солҳои 1965-1969 – ба ҳайси танзимгар, газчӣ, саргазчии коргоҳи металлургии Караганда (Комбинати металлургии Караганда) кор кардааст.
Солҳои 1969-1973 — дар ҳизб, дар кори комсомолӣ дар шаҳри Темиртауи вилояти Караганда фаъолият намудааст.
Солҳои 1973-1977 — котиби кумитаи ҳизбии комбинати металлургии Караганда.
Солҳои 1977-1979 – котиб ва котиби дуюми кумитаи ҳизбии вилояти Караганда.
Солҳои 1979-1984 — котиби КМ Ҳизби Коммунистии Қазоқистон.
Солҳои 1984-1989 – Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Қазоқистон.
Солҳои 1989-1991 – Котиби якуми КМ Ҳизби Коммунистии Қазоқистон.
Аз феврал то апрели 1990 ҳамзамон Раиси Шӯрои Олии ҶШС Қазоқистон буд.
Аз апрели соли 1990 – Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон.
1 декабри соли 1991 аввалин интихоботи умумимиллии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, ки дар он Назарбоев Н.А. 98,7%-и овозҳоро ба даст овард.
Соли 1995, дар натиҷаи раъйпурсии 29 апрел баргузоршуда ваколатҳои президент Назарбоев Н.А. то соли 2000 тамдид карда шуданд.
10 январи соли 1999 Назарбоев Н. дар асоси алтернативӣ бо гирифтани 79,78%-и овозҳо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон интихоб гардид.
Моҳи августи соли 2005 Назарбоев Н.А. бо қарори Суди конститутсионии Қазоқистон, ки интихоботи президентии моҳи декабри соли 2005 таъйин карда буд, розӣ шуд. Моҳи декабри соли 2005 Назарбоев 91,15%-и овозҳоро ба даст овард ва бори дигар Сарвари ин давлат интихоб шуд.
14 июни соли 2010 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти рақами 289-IV «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти дастгирии фаъолияти Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон – Елбасы (Пешвои миллат)» эътибори қонунӣ пайдо кард.
3 апрели соли 2011 ӯ бо гирифтани 95,5%-и овозҳо аз нав Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон интихоб шуд. Дар интихоботе, ки 26 апрели соли 2015 баргузор шуд, ӯ 97,75% овоз гирифта, пирӯз гардид.
19 марти соли 2019 зимни муроҷиат ба мардуми Қазоқистон Нурсултон Назарбоев истеъфои худро эълон кард.
Назарбоев Н.А. соли 1992 бо «Мукофоти Капрӣ», соли 1996 бо ҷоизаи махсуси форуми байнулмилалии Кранс-Монтана-96 барои саҳмгузорӣ дар пешрафт, соли 1999 дар Москва бо ҷоизаи «Золотой Атлант» ва дипломи академики Академияи илмҳои байналмилалии технологӣ ва медали академия, ки аз ниобий – метали фавқулода устувор сохта шудааст ва дар ҷаҳон аз тилло бештар арзиш дорад, сазовор гардидааст.
Ҳамчунин бо орденҳои гуногуни давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла ордени «Исмоили Сомонӣ»-и Тоҷикистон мушарраф гардидааст.
Шаҳрванди ифтихории шаҳрҳои Темиртау, Алмаато, Бухарест, Нур-Султон, Караганда, Дулут (ИМА), Мадрид, Каменск (собиқ Днепродзержинск), Тбилиси, София, Афина ва вилояти Атирау мебошад.
АКС аз АБИ «Казинформ»