ОЁ ДАР МИРРИХ ҲАЁТ ВУҶУД ДОРАД? Чин ҷиҳати таҳқиқи «сайёраи сурх» қамари сунъиро ба фазо партоб намуд

Июль 24, 2020 11:00

ДУШАНБЕ, 24.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Қамари сунъии чинӣ ҷиҳати омӯзиши Миррих ба мадор баромад. Мушак — ҳомили «Чанчжэн-5» бо қамари сунъии «Тянвэн-1» рӯзи панҷшанбе, 23 июл ба фазо парвоз намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории «Синхуа».

Парвози мазкур соати 12:41 (вақти 7:45 ба вақти Москва) аз космодроми Вэнчани Чин, ки дар ҷазираи Ҳайнан воқеъ аст, сурат гирифт. «Тянвэн-1» аз дастгоҳи мадорӣ ва платформаи миррихпаймо иборат мебошад. Қамари сунъии Чин бояд 11 марти соли 2021 ба Миррих бирасад.

«Тахминан пас аз 2167 сония (тақрибан 36 дақиқа – шарҳи АМИТ «Ховар») қамари сунъӣ бо муваффақият ба мадор баромад ва ба ҳамин тартиб марҳилаи аввали таҳқиқоти сайёраҳои дигар аз тарафи Чин шурӯъ гардид”, — хабар медиҳад Раёсати давлатии кайҳоннавардии Чин (иқтибос аз ТАСС).

» Тянмэн» – ин унвони як шеъри шоири қадимаи Чин Тсай Юаня мебошад, ки он ҳамчун «Саволҳо ба осмон» тарҷума шудааст ва дар он дар бораи ситораҳо ва дигар ҷирмҳои осмонӣ сухан меравад.

Ин парвоз бо мақсади ҷустуҷӯйи нишонаҳои ҳаёт дар Миррих ва омӯзиши имконоти мустамлика кардани сайёра аз тарафи инсон сурат гирифтааст. Агар ин парвоз бо муваффақият анҷом ёбад, олимон метавонанд муҳити сайёра, шакли сатҳи замин, майдони магнитӣ ва дигар хусусиятҳои сайёраро биомӯзанд ва дар бораи пайдоиши он маълумоти бештар ҳосил намоянд.

 

АКС: CGTN

Июль 24, 2020 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд